Исфара: Гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ

№ 07.04.2024

2-юми апрели соли равон дар майдони «Парчами давлатӣ»-и шаҳри Исфара ҳамоиши мутантани гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки дар нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Чилгазӣ ва Лаккон нақшаи даъватро сарбаландона таъмин намуданд.

Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова ва модари даъватшаванда Гулнора Музаффарова ба сухан баромада, зикр доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқию ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ ва ифтихору шарафи ҷавонмардист.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» таҳсил намуда соҳиби касби ронандагӣ гардида буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.

 Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»