Вазъият дар минтақаҳои сарҳадии деҳоти «Чоркӯҳ»-у «Ворух» ва «Хоҷаи аъло»-и шаҳр баъди гуфтушунидҳои расмии ҳар ду давлат ором аст. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуоти раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод:
- Шабонарӯзи сеюм аст, ки вазъият дар минтақаи сарҳадӣ муътадил аст, — гуфт ӯ, — гурӯҳҳои кории ҳар ду ҷониб дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум фаъолият доранд. Техникаҳои ҳарбии ҳар ду тараф баъди гуфтушунидҳо ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргаштанд. Ҳоло равуои бемамониат дар роҳҳои минтақаи наздисарҳадӣ барқарор аст.
Қобили зикр аст, ки аз тарсу ҳароси воқеаҳои сарҳадӣ гурӯҳи муайяни сокинони деҳаҳои фавқуззикр муваққатан тарки манзил карданд. Айни ҳол, бино ба гуфти З. Шомадов, аҳолӣ ба ҷойи зист баргашта, пайи кору рӯзгоранд.
Тибқи дастури ситоди шаҳрӣ, комиссияи махсуси ҳукуматӣ таъсис ёфта, барои ҳисобу китоби зарари бамиёномада ба маҳалли воқеа рафтанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, ҳама оромии ҳукмфармобуда дар натиҷаи гуфтушуниди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба даст омадааст. Зеро 30 апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров дар робита ба ин масъала суҳбати телефонӣ намуданд.
Зимнан, нимаи дуюми 30 апрел раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Саймумин Ятимов ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара омада, сокинони захмбардоштаро аёдат карданд. Ҷароҳатбардоштагон зери назорати қатъии табибон қарор доранд.
Саймумин Ятимов ва Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамчунин, аз аҳволи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки ҷароҳат бардоштааст, хабар гирифтанд. Айни ҳол вазъи саломатии ӯ баъди гузаронидани ҷарроҳӣ рӯ ба беҳбудӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки якуми майи соли равон музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз ёфт. Дар он ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев роҳбарӣ карданд.
Айни замон дар марзи кишварҳо суботу оромӣ ҳукмфармо буда, ҳам дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳам шаҳри Исфара низоми оташбас пурра риоя гардида истодааст.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»