Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ

Ишкошим: Бунёди беш аз 140 иншоот дар давраи истиқлолияти давлатӣ

№102 (4522) 17.08.2022

Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ­ноҳияи Ишкошим зиёда аз 140 иншооти таъиноти гуногун, бо харҷи 132 миллиону 218 ҳазору 600 сомонӣ сохта шу­данд. Бунёди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, қасри фарҳангу варзишгоҳҳои замонавӣ, биноҳои маъмурии идораю муассисаҳо ва дигар иншооти аҳамияти иҷтимоӣ си­мои ноҳияро куллан дигаргун намуданд.

Бо мақсади таъмини пешрафти босуботи ноҳия «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020» қабул гардид, ки 134 лоиҳаро дар бар гирифтааст. Баъд аз ба охир расидани муҳлати амали барномаи мазкур дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардида, мавриди корбурд қарор гирифтааст.

- Дар ин замина, таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли обҳои минералию гиёҳҳои шифобахш, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ғайра бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст, — иброз намуд муовини раиси ноҳия Ашам Холдорзода.

Феълан дар ноҳияи Ишкошим нуҳ сехи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди ангат, корхонаи хурди ресандагии муинаи кашмирӣ, 18 сехи коркарди чӯб, сехҳои қаннодӣ, сехи пойафзолдӯзӣ фаъолият доранд.

Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии ноҳия солҳои охир ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар ин муддат муассисаҳои тандурустии маркази ноҳия ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Рин, Удит, Зумудг, Лангар, Зонг, Вранг, Вогз, Шитхарв, Андароб, Намадгут, Дашти Исор, Зугванд, Дриж, Рин таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг бо харҷи 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва 19 бинои нави муассисаҳои таълимию синфхонаҳои иловагӣ бо сарфи беш аз 9,5 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Ишкошим бо ёдгориҳои таърихии нодир аз мавзеъҳои беҳтарини сайёҳӣ ба шумор рафта, ба хотири рушди соҳа дар ноҳия 20 меҳмонхона, 19 хостел, се тарабхона, 11 ошхонаву қаҳвахона фаъоланд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»