Ишкошим. Ифтитоҳи иншооти нав дар деҳоти ноҳия

№ 07.01.2025

Баҳри сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори 30 — юмин солгарди Конститутсияи кишвар дар ноҳияи Ишкошим бо иштироки раиси ноҳия Анвар Иматшозода ва сокинон як қатор иншооти нав ифтитоҳ ёфтанд.

Дар деҳаи Кӯҳи Лаъли деҳоти «Аскар Замиров» — и ноҳияи Ишкошим  бинои муосири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31, ки аз ду ошёна иборат буда, барои беш аз 57 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассиса дар доираи Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодии (ЛТУИИ) Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохта шуда, барои бунёди он 1 млн. 700 ҳазор сомонӣ аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ харҷ гардидааст.

Дар деҳаи Шитхарви деҳоти «Вахон» бошад, майдончаи варзишӣ, ки бо тарҳи замонавӣ сохташуда, ки барои бозиҳои футбол, волейбол ва басткетбол пешбинӣ гардидаааст, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин замина дастаҳои мунтахаби занонаву мардона оид ба футболу волейбол аз деҳоти ноҳия таъсис дода шуда, барои онҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳия либосу лавозимоти варзишӣ тақдим гардид.

Тавре раиси деҳоти «Вахон» Убайд Парвоев иттилоъ дод, барои сохтмони варзишгоҳ 17 ҳазор доллари ИМА харҷ гардида.

Ҳамин тавр, дар деҳаи Ямчуни деҳоти «Птуп» низ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва дар доираи Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд.

Раиси ноҳия Анвар Иматшозода ба сифати корҳои иншоот баҳои баланд дода, барои нигоҳдории минбаъдаи он ба масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Ишкошим дастуру супоришҳои мушаххас дод.

М. ИМОМНАЗАР.

 »Садои мардум»