Ишкошим. Оилаҳои зарардида дастгирӣ меёбанд

№101 (4841) 19.08.2024

FB_IMG_17234269403324-уми августи соли равон дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи оби дарёчаи деҳаи Зугвандии деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим дар деҳа сел омад.

Аз лаҳзаи аввали сар задани офат бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фавран бартараф намудани оқибатҳои он таҳти роҳбарии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот комиссияи вилоятӣ ва ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд.

Тибқи дастури Президенти мамлакат аҳолии аз офати табиӣ зарардида ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, бо манзили муваққатӣ ва хӯроки гарм таъмин гардиданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, ба хатҳои интиқоли неруи барқ низ зарар нарасидааст. Ба замми ин, бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Душанбе корвони мошинҳои боркаш бо маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, пӯшокаву маводи сӯхт ва дигар таҳҷизоту лавозимот ба ноҳияи Ишкошим сафарбар шуд.

Феълан дар ҷойи ҳодиса 20 техникаи  таъиноти гуногун, ба монанди трактор, мошинҳои калонҳаҷми боркашонӣ, техникаҳои хизматрасонии тиббӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва барқароркунии низоми барқӣ, ба бартарафсозии пайомади офат машғуланд.

Дар мавзеи офати табиӣ 400 мутахассис, кормандони сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандон барои бартарафкунии хисорот кумак расонида истодаанд. Барои фавран рафъ кардани зарари офати табиӣ ва пешгирии хисороти минбаъда 200 нафар аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа низ ҷалб шуданд.

FB_IMG_1722945040275Бар асари офати табиӣ 39 хона, аз ҷумла 13 манзил пурра ва боқимонда зарари сабук диданд. Инчунин, ба 8 гектар замин, зиёда аз 4 км роҳи аҳамияти байналмилалидошта зарар расид. Маблағи хисорот аз офати табиӣ аз ҷониби ҳайати комиссияи босалоҳияти ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад.

Оилаҳое, ки бар асари офати табиӣ пурра хонаҳояшон вайрону валангор гардидаанд, муваққатан дар истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа то бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ иқомат карда, аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо тамоми маводи ниёзи аввалия таъмин мегарданд.

Бо супориши Роҳбари давлат хонаҳои нави истиқоматӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин, яъне якуним моҳ ва бо сифати баланди сохтмонӣ бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизот ба зарардидагон супорида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 6-уми августи соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Роҳбари давлат ҳисоботи раиси вилоятро доир ба бартарафсозии хисороти офати табиӣ шуниданд.

Роҳбари мамлакат ба зудтар барқарорсозии манзили зисти оилаҳои аз офати табиӣ зарардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки Президенти кишвар зарардидагонро дар ин лаҳзаҳои сахту душвор танҳо намегузоранд. Сокинони зарардида эътимоди комил дошта бошанд, ки онҳоро Ҳукумати кишвар бо манзили нав ва хонаҳои хуштарҳу замонавӣ таъмин мекунад. Барои зарардидагон аз ҳисоби фонди Президенти мамлакат ба таври кофӣ маводи ниёзи аввалияи рӯзгор дастрас мешавад. Пешвои миллат ба раиси ВМКБ супориш доданд, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табииро зери назорати доимӣ қарор диҳад ва баҳри хоҷагиҳои зарардида дар ҷойҳои бехавф қитъаи замин ҷудо карда, корҳои сохтмониро дар ин иншоот тезонанд.

Сокинони ноҳия ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки онҳо ҳаргиз ноумед нестанд ва боварии комил доранд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дар ин лаҳзаҳои душвору мушкил ба ҳеҷ ваҷҳ танҳо намегузоранд.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»