Чанде пеш дар Маркази конфронси байналмилалии шоҳ Абдулазиз дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамоиши сатҳи баланди истихроҷи маъдан баргузор гардид.
Вазири саноат ва сарватҳои зеризаминии Арабистони Саудӣ Бандар ибни Иброҳим ал- Хурейф зимни ифтитоҳи он иброз намуд, ки бинобар тамоюли кишварҳо ба соҳаҳои саноати пешрафта ва истифодаи энергияи тоза эҳтиёҷоти ҷаҳон барои сарватҳои зеризаминӣ торафт афзоиш меёбад. Ҳадафи Арабистони Саудӣ аз баргузории Конфронси байналмилалии истихроҷи маъдан, зери унвони «Ояндаи маъданҳо» ин саҳмгузорӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои бахши истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, таъсиси платформаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷиҳати таҳияи Харитаи роҳ барои оянда мебошад, ки барои дастрасӣ ба рушди устувори ҷомеаҳо ва иқтисодиёти кишварҳо тавассути тавсеаи доираи саҳми ин бахши муҳим ва ояндадор нигаронида шудааст.
- Имрӯз бароямон фурсати хубе фароҳам омадааст, то дар таъмини истихроҷи сарватҳои зеризаминии фоиданок саҳм гузошта, бахши истихроҷи маъданҳоро ҳамчун муҳаррики асосии иқтисодиёти кишварҳои минтақа самаранок истифода барем. Зеро кишварҳои минтақа бо мушкилоти монанд, аз қабили зарурати афзоиши корҳои иктишофӣ, таъмини зерсохтори мувофиқ ва ҷалби сармояи босифат рӯ ба рӯ мебошанд. Пас мо бояд дар якҷоягӣ аз ин фурсати муносиб истифода бурда, барои дастрасӣ ба рушди устувори истихроҷи маъданҳо дар кишварҳоямон ва тамоми минтақа талош намоем,- гуфт Бандар ибни Иброҳим.
Ӯ ишора намуд, ки арзиши сарватҳои маъдании Арабистони Саудӣ беш аз 3,1 триллион долларро ташкил дода, дар шимолу шарқи кишвар конҳои фосфат ва боксит ва дар ғарби кишвар конҳои тилло, мис ва дигар сарватҳои зеризаминии нодир ҷойгир гардидааст.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии форуми мазкур, ки беш аз 2000 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ ва 95 кишвар ширкат варзиданд, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар шакли маҷозӣ ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба таври ҳузурӣ иштирок карданд.
Шералӣ Кабир зимни баромад дар конфронс гуфт, ки Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дошта, аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 навъи ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар давраи дарозмуддат кофӣ мебошад. Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ аз замоне, ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуд, заминагузорӣ гардид. Инчунин, зикр кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд.
Вазир таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»