Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Насиба Содиқова ва сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нуров Тоҷикистонро дар ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ӯ», ки дар Донишгоҳи Панҷоби шаҳри Чандигарҳи кишвари Ҳиндустон баргузор гардид, намояндагӣ намуданд. Дар он чорабинии бонуфузи фарҳангӣ олимону коршиносон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистону Эрон, Ҳиндустон низ иштирок карданд.
Тавре Нуралӣ Нуров изҳор дошт, дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон М. Ҷ. Акбар, муовини раиси Анҷумани равобити фарҳангии Ҳиндустон Намрата Кумар, ректори Донишгоҳи Панҷоб, профессор Арун Кумар Бедилро ифтихори форсизабонони дунё арзёбӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ барномаи консертӣ аз ашъори Бедил таҳти унвони «Достони Бедил» бо забонҳои тоҷикӣ ва урду пешкаши иштирокчиён гардид.
М. Мақсудов,
«Садои мардум»