Иштироки вакилон дар ҷаласаҳои Комиссияи доимии АБ ИДМ

№ 29.05.2021

26 майи соли равон дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ғалладона», «Дар бораи режими ҳуқуқии қаламравҳои ифлосшавии радиоактивӣ», инчунин, консепсияҳои лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти экологӣ» (дар таҳрири нав), «Дар бораи дастрасӣ ба маълумоти экологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда» (дар таҳрири нав), «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ», «Дар бораи кишоварзии органикӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба аъзои комиссия маълумот дар бораи ҳамкории кӯҳии назди Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (Шарикии кӯҳистон) ва маърӯзаҳо роҷеъ ба конфронси «Симои шаҳри муосир», ки ба «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» бахшида шудааст, пешинҳод гардид.

***

Ҳамон рӯз ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ширкат варзид.

Масъалаҳое, ки зимни ҷаласа баррасӣ гардиданд, «Лоиҳаҳои тавсияҳо оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди рақамӣ», «Тавсияҳо оид ба ташкили равишҳои ягона дар масъалаи пешниҳоди нусхаи қонунии нашрияи чопӣ шакли электронӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ», «Тарҳҳои таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои аъзои ИДМ» ва қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография», «Дар бораи фаъолияти театр» буданд.

Иштирокчиён масъалаҳои мушкилот ва дурнамои рушди сайёҳии деҳот, ҷанбаҳои қонунгузории масъала, инчунин, табодули иттилоот ва таҷриба дар самти татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои муваффақи рушди сайёҳии деҳотро низ баррасӣ карданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон