Иштироки ӯзбекистониҳои муқими Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ

№ 02.10.2021

узб24 октябри соли равон интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат 29 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг доир гардид. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эргаш Шоисматов изҳор намуд, ки интихоботи дарпешистода бори аввал дар доираи Кодекси нави интихоботи Ӯзбекистон бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот, дар шароити рақобати байниҳизбӣ баргузор мегардад. Инчунин, ӯзбекистониҳои ҳуқуқи овоздиҳидошта, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, новобаста ба он ки дар қайди консулӣ ҳастанд ё не, аз ҳуқуқи конститутсиониашон истифода бурда, метавонанд дар чорабинии муҳими сиёсӣ ширкат варзанд.

- Пас аз баргузории пленумҳои ҳизбҳои сиёсӣ номздаҳои зерин ба интихоботи дарпешистода пешбарӣ гардиданд: аз ҳизби либералӣ – демократии Ӯзбекистон сарвари кунунии давлат – Шавкат Мирзиёев, аз Ҳизби халқӣ- демократии Ӯзбекистон муовини раиси Шӯрои марказии ҳизб – Мақсуда Ворисова, аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» — Алишер Қодиров, аз Ҳизби экологӣ раиси комиҷроияи шӯрои марказии ҳизб – Нарзулло Обломуродов ва аз Ҳизби сотсиал —  демократии «Адолат» — Баҳром Абдуҳалимов. Дар интихоботи президентии соли 2016 чор ҳизб иштирок карданд,- гуфт Эргаш Шоисматов.

Баъд аз интихоботи президентие, ки 4 декабри соли 2016 баргузор шуд, дар қонунгузории интихобот, ҳаёти ҷомеа ва сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад.

Дар ин чорабинии муҳим ӯзбекистониҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард. Ҳоло 902 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қайди доимии консулии Сафорат номнавис шуда, тибқи қонун  ҳуқуқи овоздиҳӣ дар интихоботро доранд. Баробари онҳо, инчунин дигар шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки то 24 октябри соли равон муваққатан дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихобот ширкат намоянд.

Донишҷӯёни ӯзбекистоние, ки дар макотиби олии  Тоҷикистон таҳсил  мекунанд, 200 нафар  сохтмончиёне, ки дар ноҳияи Қубодиён ба сохтмони беморхонаи сироятӣ машғуланд ва дигар шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки бо сабабе дар Тоҷикистон қарор доранд, аз ҳамин ҷумлаанд.

Дар интихоботи  дарпешистода навгоние пешбинӣ шудааст, ки он «овоздиҳии бармаҳал» мебошад. Ин навъи овоздиҳӣ 10 рӯз қабл аз рӯзи интихобот оғоз шуда, се рӯз пеш аз он хотима меёбад. Бо ин мақсад аз 14 — 20- уми октябр участкаҳои интихоботии сайёр ташкил мешавад, ки аз соати 9 -и субҳ то 6-и шом фаъолият хоҳанд кард.

Фаъолияти чунин участкаҳои интихоботӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Турсунзода ва Қубодиён ба роҳ монда мешавад.

Мувофиқи ҳисоби пешакӣ қариб 10 фоизи шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар овоздиҳии бармаҳал ширкат  мекунанд. Шахсони  боқимонда дар участкаи интихоботие, ки дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, овоз хоҳанд дод.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»