Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат тадбирҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Дар се соли оянда дар шаҳри Ҳисор 613 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва майдончаҳои варзишӣ марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Аллакай аз ҷумлаи иншооти пешбинишуда 38 адад сохта, ба истифода дода шуд. Зимни мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 67-и деҳаи Равшандилони деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорону аҳолии деҳа шаш синфхона барои 180 нафар дар як баст ба маблағи 439 ҳазор сомонӣ дар муҳлати кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳр босуръат идома дорад. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Ҳисор аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бинои истиқоматии панҷошёна бо инфрасохтори зарурӣ — маркази хизматрасонӣ, «Кошонаи ҳусн», коргоҳи дӯзандагӣ ва нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сохта шуд ва 25 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти «Ҳисор» майдончаи муосири варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он ҷавонони деҳа метавонанд ба бозиҳои футболу волейбол ва баскетбол машғул шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои коркарди шир, диққати махсус дода, хоҷагиҳои чорводорӣ ҷиҳати хушзоткунии чорво ва бештар намудани истеҳсоли шир тадбирҳои судманд андешида истодаанд. Ба ин мақсад фермаи чорводории ҶДММ «Абдурауф Юсупов» 93 сар гови зоти сименталӣ – олмонӣ харидорӣ намуд. Тибқи нақша, дар ояндаи наздик боз 400 сар чорво харидорӣ мегардад.
Дар фермаи ширию молии хоҷагии номбурда айни замон 1054 сар чорвои зотҳои сиёҳалои тоҷикӣ ва воридгардидаи сименталӣ парвариш меёбад. Хоҷагӣ баъди зиёд намудани истеҳсоли шир дар деҳоти «Дурбат» корхонаи коркарди ширро ба кор даровард. Дар марҳилаи аввали фаъолият он дар як моҳ аз 300 то 600 тонна ширро коркард намуда, 24 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад. Дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти корхона ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ содирот мешавад.
Инчунин, бо таъсиси фабрикаи парандапарварӣ дар деҳоти «Ҳисор» имкон фароҳам омад, ки бозори дохилӣ бо гӯшту тухми мурғ то андозае таъмин гардад. Фабрика бо технологияи замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардида, роҳбарияти он нақша доранд, ки дар оянда фаъолиятро боз ҳам рушд ва истеҳсоли гӯшти парҳезиро ривоҷ бахшанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»