Соли 2021 масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор дар 398 иншооти давлатию ҷамъиятӣ санҷиши санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ гузарониданд. Дар ин бора директори марказ Мизроб Саидзода иброз дошт.
- Соли гузашта шуъбаҳои дахлдори марказ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 238 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода, 39 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Кормандони марказ, ҳамчунин, 356 кило маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла 130 литр хӯришҳои консервагӣ, 24 кило маҳсулоти қаннодӣ, 16 кило маҳсулоти гӯштӣ, 26 литр маҳсулоти ширӣ ва дигар навъи маҳсулотро, ки истеъмолашон ба саломатии инсон зарар дошт, аз муомилот гирифтанд. Шуъбаҳои ташхисии бактериологӣ ва вирусологии марказ бошанд, дар як сол 11297 ташхиси бактериологӣ ва 14449 ташхиси вирусологӣ гузарониданд, — иттилоъ дод номбурда.
Соли 2021 — ум 823 нафар сокини шаҳр аз ҳайвонот осеб диданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2020 — ум 149 нафар зиёд мебошад. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби маркази назорати санитарӣ ба муассисаҳои кумаки аввалияи санитарию тиббӣ ва маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Ҳисор тавсиянома пешниҳод шуд.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»