Бо мақсади рушд додани соҳаи моҳипарварӣ ва муттаҳид намудани моҳипарварон дар шаҳри Ҳисор Ассотсиатсияи моҳипарварони шаҳр ташкил карда хоҳад шуд. Дар ин хусус сарзоотехники Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор Диловар Абдуллоев иттилоъ дод.
Барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ мутахасисони соҳа тасмим гирифтаанд, ки дар деҳаи Шамали дараи Алмосӣ дар 15 гектар кӯл сохта, парвариши гулмоҳиро ба роҳ монанд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, намояндагони Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои моҳипаварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва мутахасисони соҳаи моҳипарварии шаҳри Ҳисор дар дарёи Хонақоҳи кӯҳӣ таҳлил гузарониданд. Муайян гардид, ки дар мавзеи номбурда гулмоҳии амударёӣ ва ширмоҳӣ мавҷуд мебошанд.
Д. Абдуллоев афзуд, ки гулмоҳии амударёӣ ба Китоби Сурх дохил буда, он яке аз навъҳои нодир ба шумор меравад. Бинобар ин, бозтавлиди моҳича (сехи инкубатсионӣ) мувофиқи мақсад мебошад.
Мутасаддиёни ассотсиятсияи навтаъсис дар оянда ният доранд, ки аз таҷрибаи Корхонаи воҳиди таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» истифода кунанд, зеро барои хоҳишмандон имконият фароҳам овардааст аз кӯлҳои марбут ба он моҳӣ шикор намуда, сипас маблағашро пардохт намоянд.
С. НАЗАРОВ,
«Садои мардум»