Ҳисор. Аз техникаҳои вайрона то бинои фарсудаи МНДСЭ

№130 (4392) 19.10.2021

20210921 103130Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор дорои панҷ нақлиёт буда, мутаассифона, онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Ин ҳолатро директори марказ Мизроб Саидзода шарҳ дода, аз ҷумла гуфт:

- Феълан дар Маркази назорати санитарӣ 29 нафар корманд фаъолият мекунанд. Дар идора мошинҳои тамғаи ГАЗ-153, ЗИЛ -131, ГАЗ -169, НИВА ва мошини беҳуҷҷат мавҷуд аст. Онҳо мероси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, кайҳо боз дар ҳолати корӣ нестанд. Зеро тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ боре ҳам таъмир нашудаанд. Барои таъмири онҳо на аз буҷет маблағ пешбинӣ шудаасту ва на аз суратҳисоби махсус. Мошинҳо зери барфу борон комилан фарсуда гашта, қисмҳои эҳтиётии онҳоро низ дарёфт кардан муҳол аст ва алҳол дар тавозуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ қарор доранд. Аз эътибор соқит кардани онҳо низ бо қарори мушовараи вазорат амалӣ мешавад.

Бино ба қавли масъулон, онҳо ҳар сол аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақлиёти хизматӣ дархост мекунанд, аммо, феълан вазорат шароити харидорӣ ва таъмини мошинро надоштааст.

- Мехоҳем, соҳиби нақлиёти хизматӣ бошем. Вақте кормандони идора барои адои вазифа сафарбар мешаванд, бо нақлиёти шахсӣ мераванд. Агар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ моро бо нақлиёт таъмин кунанд, корамон пеш меравад, — афзуд М. Саидзода.

Як қисми бинои марказ куҳна буда, дар ҳолати ногувор қарор дорад. ­Масъулон мегӯянд, ки ҳанӯз соли 2003 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бинои марказ беэътибор дониста шудааст. Вале онро аз рӯи имкон таъмиру нигоҳубин мекунанд.

Ёқуби СОДИҚ,

 «Садои мардум»