Ҳисор. Бунёди бинои нави мактаб бо саҳми сокинон

№103 (4843) 26.08.2024

МБ5Солҳои охир бунёди мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳукми анъана даромадааст.

Чунин як иқдоми созандаро сокинони деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор идома бахшиданд. Онҳо дар баробари таъмири мактаби мавҷудаи деҳа қарор доданд, ки мактаби нави замонавӣ бунёд намоянд.

Бинои нави мактаб бо иқдоми сокини деҳа Маҳмуд Сайфиддинов бо ҷалби фарзандони соҳибкораш бунёд меёбад.

Тӯда аз калонтарин деҳаҳои шаҳри Ҳисор маҳсуб ёфта, аҳолиаш зиёда аз 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Солҳои охир ҳудуди деҳа аз ҳисоби бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар шимолу ғарбии деҳа васеъ гардида, фарзандон барои таҳсил роҳи беш аз 2 километрро тай намуда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 мераванд.

Дар маросими оғози сохт­мони мактаби нав иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иштирок намуда, ба сокинони шарафманди деҳаи Тӯда, бахусус бобои Маҳмуд ва фарзандонаш, барои иқдоми созанда изҳори сипос карда, омодагии МИҲД шаҳрро ҷиҳати кумак дар раванди сохтмон иброз намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, ҳамчунин, бо рафти таъмири муассисаи таълимии деҳа шинос гардид.

Бояд иброз намуд, ки муассисаи мазкур ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо гузашти солҳо дару девор, фаршу шифти он таъмирталаб шуда буд. Ба исми нависанда, зодаи ҳамин диёр Ҳабибулло Назаров номгузорӣ шудани муассиса аз он дарак медиҳад, ки сокинони ин деҳаи овозадор ба хизмати аҳли илму адаб дар назди Ватан арҷ мегузоранд. Шахсиятҳои зиёд аз шумори хатмкардаҳои ин даргоҳ чеҳраҳои маълуму маъруфи кишвар маҳсуб меёбанд.

С. НАЗАРОВ,

«Садои мардум»