Беш аз 29 сол пеш, субҳи 23 январи соли 1989, ба сари сокинони деҳаҳои Оққули Боло, Оққули Поёни шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор балои ногаҳонии азим омад. Замин ғурриду дару девор, долу дарахт ба ларза даромад. Баъди чанд лаҳза шифти хонаҳо ба сари пиру ҷавон, ки қисме дар хобу қисме ба истиқболи рӯзи нав акнун аз ҷой бархоста буданд, сарозер шуд. Аллаи модарону садои тифлакон, ки то он дам ҷо-ҷо ба гӯш мерасид, дар як мижа задан хомӯш гардид.
Бар асари заминларзаи шадид пораи кӯҳ канда шуда, болои ду деҳа — Оққули Боло ва Оққули Поёнро пӯшонид. Он субҳ доду фиғони нафарони ҷигарбандонашон зерихокмонда дили ҳар бинандаро ба дард меовард. Аз бисёрии мардум ҷойи пой мондан набуд. Онҳо ба умед барои наҷот додани офатзадагон омада буданд, вале коре аз дасташон намеомад. Хоктӯдаву лойқа ҳар ду деҳаро аз байн бурда буд. Қабати ғафси хок имкон намедод, ки корҳои ҷустуҷӯйӣ — наҷотдиҳӣ анҷом дода шаванд. Аз аҳолии ду деҳаи зерихокмонда танҳо як тифлаки 6 — рӯза ҷон ба саломат бурд, ки баъдан ба поси хотири шаҳидон номашро Шарора монданд.
Комиссияи ҳукуматӣ ва уламои дин пешниҳод карданд, ки кофтуков қатъ карда шавад, зеро идома додан дигар маънӣ надошт. Баъди ду — се бел задан, лойқа ҷойи кандаро аз нав пур мекард.
Дертар атрофи «Мазори Шаҳидон», девор гирифта шуд ва он осорхона эълон гардид. Дар паҳлуи мазор аз оҳан «Лавҳаи хотира» гузошта шуд. Дар атрофи лавҳа дарахтони сӯзанбарг шинонда, курсӣ монда, роҳрав бунёд намуданд, то зиёраткунандагон зери сояи дарахтон нишаста, дуою фотиҳа кунанд.
Худи ҳамон сол барои хонаводаҳои аз офат эминмонда дар ҷойи дигар манзил сохта, онҳоро кӯчонданд.
Акнун ҳар сол, 23 январ, сокинони шаҳраки Шарора, хешу табори фавтидагон либоси азо ба тан карда, «Мазори Шаҳидон»-ро зиёрат ва ба арвоҳи гузаштагон дуо мекунанд.
Дар давоми даҳ соли аввал оромгоҳи шаҳидони заминларза тозаю озода нигоҳ дошта мешуд. Ҳар сол хешу ақрабои шаҳидон дару девори атрофи мазорро ранг, роҳравҳоро тоза мекарданд. Вале ҳоло «Мазори Шаҳидон»-и Шарора ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст. Дари даромадгоҳи он шабу рӯз боз аст, зеро ба роҳи рафтуои сокинони маҳаллаҳои атроф мубаддал гардидааст.
Мардум атрофи мазорро махсус сӯрох карда, дохили онро ба чарогоҳи чорво табдил додаанд.
Дар рӯ ба рӯйи мазор бозори чорво ҷойгир аст, ки рӯзи шанбеи ҳар ҳафта фаъолият мекунад. Фурӯшандагону харидорон атрофи мазорро ба партовгоҳ табдил медиҳанд. Боз чанд корхонаи хурди хиштрезӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ низ он ҷо арзи ҳастӣ доранд.
Дар заминҳои паҳлуи девори мазор феврали соли 2012 бо ташаббуси масъулини Ҷамоати шаҳраки Шарора беш аз 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида, ба қавле, боғ бунёд карданд, аммо ҳеҷ не ки ниҳолҳо афзоиш ёбанд. Боғ ҳоли табоҳ дорад, зеро ба парваришу нигоҳубини он касе эътибор намедиҳад.
Он рӯзе, ки ман бо нияти шиносоӣ ба вазъи оромгоҳи хуфтагони абадӣ омадам, дар назди даромадгоҳ чанд нафарро машғули суҳбат дидам. Баъди шиносоӣ бо онҳо вориди мазор гаштем. Манзараи ҳузнангезе пеши назарамон ҷилвагар шуд. Яке аз ҳамроҳон, ки худро Низомиддин Шамсов муаррифӣ кард, оҳ аз дили пурдард кашида гуфт: — Агар муносибат бо «Мазори шаҳидон» чунин аст, оқибати кори мо чӣ мешуда бошад? — Даҳ сол пеш сокинони дигар ноҳияҳо дар дохили мазор, болои хуфтагон 30-35 хонаи истиқоматӣ сохтанд. Ҳоло дар он ҷо чанд кӯча сохта шудааст. Акнун ҷое намеёбӣ, ки пой монӣ, — афзуд ӯ.
Дар чанд ҷой теппачаҳои хокӣ ба назар мерасиданд, ки аз миёнашон пайроҳа мегузашт ва ба қабр шабоҳат доштанд. Шариф Олимов — ҳамроҳи дигари мо фаҳмонд, ки онҳо қабр нестанд. Хешону пайвандони нафарони тагихокмонда сохтаанд. То дигарон донанд, ки ин ҷо одамон хобанду дар болояшон гаштугузор накунанд.
Чун поёнтар, ба назди деворҳои бетонӣ рафтем, манзара боз ҳам ҳузнангезтар ба назар расид. Пушти деворҳои бетонӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта буданд. Онҳо бо истифода аз девори мазор иморатҳои ёрирасон низ сохта, барои бунёди манзил қитъаҳои заминро тахту ҳамвор намуда, ниҳол шинонда, қисмати дигарро ба партовгоҳ ва ҷойи чорвонигоҳдориву чарогоҳ табдил додаанд. Сокинони ин қисмат ҳатто аз назди даричаҳо ба болои теппаҳои мазор пайроҳа сохтаанд. Ахлоту хокистартӯдаҳои зиёде ба чашм намудор буданд. Дар як тараф, болои шаҳидон кӯдакон чорво мечаронданд.
- Ин мардум умуман дил надоранд, — бо таассуф гуфт Шариф Олимов, — ин хонаҳоеро, ки мебинед, аз заминларза хароб гардида бошанд ҳам, дару тиреза, бомашон барҷо ва имкони онҳоро таъмир кардан мавҷуд буд. Аммо ба хотири арвоҳи шаҳидон ин корро накарданд. Ҳол он ки ин хонаҳоро нав сохта буданд. Бо пайроҳа боз ба ҷойи аввала баргаштем. Аз он ҷо чор тарафи мазор хеле хуб намудор аст. Ба шумурдани хонаҳои навбунёд шурӯъ кардем, беш аз 30 адад буданд. Замоне одамонро аз ин ҷо кӯчонида, манзили дигар доданд, зеро баъди эълон шудани «Мазори шаҳидон» истиқомат дар ин ҷо мамнуъ эълон шуд. Пас, имрӯз кӣ иҷозат додааст, ки дигар одамон манзили истиқоматӣ созанд?
Ба чанд хонае, ки баъдан сохта шудаанд, наздик мешавем. Соҳибони манзилҳоро овоз медиҳем. Аз ҳар хона ба мо менигаранд, вале сӯямон омадан намехоҳанд. Ба ҳар ҳол бо чанд тан суолу ҷавоб кардем. Тамоми ҳуҷҷати лозима — сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, шиносномаи техникии манзил ва ғайраро бо муҳру имзои мутасаддиён дар даст доранд. Ҳамааш, ба қавле, «қонунӣ». Ростӣ, ҳайрон шудем. Бо кадом сабаб ва дар кадом асос масъулин ба амали носавоб даст задаанд? Идораҳои танобкаш куҷо буданд? Чаро онҳо хомӯшанд?
Мо аз истиқоматкунандагон пурсон мешавем: — Дар ин ҷо чӣ тавр зиндагӣ мекунед? Ҳангоми хоб худро нороҳат ҳис намекунед?
- Э, дар ҷойҳои мо мардум гӯристони куҳнаро кофтанд, устухонҳоро бароварда, дар дигар ҷо гӯронда, хона сохтанд. Ҳеҷ гап нашуд, — гуфтанд.
Бо дили озурда ва хотири парешон аз назди бошандагони «мазордеҳа» дур мешавем. Дар берун Шариф Олимов ба паҳлуи девори мазор ишора карда: «ин ҷо як айвони болопӯшидаи дароз барои зиёраткунандагон сохта буданд, ки онро ҳам канда бурдаанд», — гуфт.
Канори роҳи мошингард қадамзанон девори мазорро пас гузошта, сӯйи лавҳаи хотираи шаҳидон раҳсипор мешавем. Чанд иншооти дигари паҳлуи девор, болои шаҳидон эъморшударо мебинем.
- Ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳо баъди он ки бо супориши раиси ноҳияи Ҳисор (соли 2012) бозори калони масолеҳи сохтмонии дар ноҳиябударо ба ин ҷо кӯчонданд, пайдо шуданд. Ана, боз тагдевори нав, — афзуд ӯ, — яъне ду-се мағозаи дигар низ имрӯзу фардо болои мурдагон қомат меафрозанд.
Боз чанд қадам пеш рафта, дидем, ки сокинони маҳаллаи «нав», деворҳои бетонии атрофи мазорро канда, роҳи мошингузар сохтаанд. Ба қавли ҳамсуҳбатам, ҳатто як сол пеш дар дохили девор нуқтаи хиштрезӣ ташкил карда, аз хоки мазор истифода мебурдаанд. Акнун дар ҷойи он хонаи истиқоматӣ бунёд ёфтааст.
Ба назди лавҳаи хотираи шаҳидони заминларза расидем. Он ҷо замоне хеле ободу зебо буд, вале ҳоло аз он нишоне нест. Атроф ифлос, дарахтон бесоҳиб, нишастгоҳҳо «ғайб» задаанд. Маълум аст, ки мансабдорони Ҷамоати шаҳраки Шарора ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз ин мавзеъ хеле кам хабар мегиранд. Замоне дар он ҷо фермаи говҳои дӯшо ҷойгир буд, ки бо бисту се нафар говдӯш зери хок мондааст.
Дар қисмати поёнии мазор бошад, солҳои 2003-2004 деворҳои бетониро канда, дар замини ҳосилшуда чанд манзили истиқоматӣ бунёд карданд. Он ҷо як айвони болопӯшидаи ферма беосеб монда буд, ки онро ҳам канда, бурдаанд.
Хостем, ки пас аз мушоҳидаи вазъи ҳузнангез бо раиси Ҷамоати шаҳраки Шарора ҳамсуҳбат шавем, вале ӯро дар идорааш пайдо карда натавонистем. Муовини ӯ Ситора Бабаярова гуфт, ки раис пайи коре баромада рафтааст ва омаданаш маълум нест. Аз ӯ сабаби ба ҳолати ҳузнангез афтодани мазорро пурсон шудем. Вай гуноҳро ба гардани кормандони Кумитаи заминсозии ноҳия ва муҳандис — заминсозони вақти ҷамоати шаҳрак бор намуд. Гуфт, ки маҳз онҳо масъалаи бунёди манзилро ҳал мекунанд ва шиносномаи техникии онро медиҳанд. Вале муовини раис нагуфт, ки шиносномаи техникии манзил баъди бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шудани шаҳрвандон дода мешавад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро бошад, пас аз баровардани қарори раиси шаҳр ба ниёзмандон медиҳанд. Қарори раиси шаҳр (ноҳия) дар асоси хулосаи Комиссияи ноҳиявӣ оид ба манзил, баъди дида баромадани аризаи шаҳрванд қабул мешавад.
Борҳо дар ҷаласаҳои Ҷамоати шаҳраки Шарора раисони маҳаллаҳо ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳрак хостанд, ки масъалаи обод намудани «Мазори шаҳидон»-ро ба миён гузоранд. Мутаассифона, роҳбарияти ҷамоат ва намояндагоне, ки аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҷаласаҳо иштирок мекарданд, ба онҳо имкони сухан гуфтан намедоданд. Чунки сохтмони манзили истиқоматӣ дар «Мазори шаҳидон»-ро онҳо иҷозат додаанд.
Чунин муносибатро нисбат ба рӯҳу арвоҳи гузаштагон намояндагони ягон қавму миллат, дину мазҳаб раво намебинанд.
Боре як дӯстам аз хотироташ дар бобати зиёрати деҳаи Хатини Ҷумҳурии Беларус чунин ҳикоя кард:
- Деҳаи Хатинро замони ҷанги дуюми ҷаҳон фашистон батамом валангор сохта, сокинонашро зинда оташ задаанд. Деҳа имрӯз осорхона ва бисёр тозаю озода аст. Ҳама ҷо гулпӯш…
- «Гулпӯш»? -беихтиёр такрор мекунам ман ва аз дил мегузаронам: шояд рӯзе «Мазори Шаҳидон»-и Шарора низ гулпӯш шавад?! — Наход, касе ёфт нашавад, ки сари ин масъала андеша кунад?
Соли равон дар рӯзи ёдбуди шаҳидон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Ҷамоати шаҳраки Шарора низ ҳузур доштанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуою фотиҳа хонданд. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар назди ҷамъомадагон ба масъулин супориш дод, ки якҷо бо сокинони Шарора мазорро обод намоянд ва ба 30 — солагии ҳодисаи даҳшатбор, ки 23 январи соли 2019 аз он пур мешавад, омодагии ҷиддӣ бинанд. Шояд баъд аз ин супориш пинаки масъулин вайрон шавад?..
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»