7 апрел - Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ

ҲИСОР. ДАСТРАСӢ БА ХИЗМАТРАСОНИИ РОЙГОНИ ТИББӢ

№ 07.04.2024

РУЗИ ТАНДУРУСТИ 07.04 (1)     Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки бори аввал  7-уми апрели соли 1950 бо пешниҳоди Созмони байналмилалии тандурустӣ эълон гардид, аксар кишварҳои дунё дар байни аҳолӣ ташхису табобати ройгонро ба роҳ монданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо ҳар сол санаро таҷлил менамояд. Имсол низ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар м

Муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишварамон таҳти шиори «Саломатии ман — ҳуқуқи ман» роҳандозӣ гардид.

    Дар иртибот ба ин дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор чорабиниҳо баргузор шуданд. Дар ҳамаи минтақаҳо аз соати 7-и субҳ табибони ботаҷриба ва мутахассисони соҳа ба таври ройгон шаҳрвандонро муоинаю ташхис ва бо доруворӣ таъмин намуданд.

    Шаҳрвандон аз маҳаллаҳои атроф ба ғурфаҳои беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаҳои минтақавии деҳот, муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббию, санитарӣ ва марказҳои саломатии деҳот омада, аз табибони собиқадор ва мутахассисони соҳибтаҷриба тавсияҳои муфид гирифтанд. Ба ширкаткунандагон бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳои зуд таъсиркунанда ва бемориҳои гуногуни сироятӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурд.

     — Агар Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ давоми се соли охир ба муолиҷа ва ташхису муоинаи бемориҳои сироятӣ, сабти барқии дил, бемориҳои қалб, амрози занона, фишорбаландӣ, диққи нафас, диабету афсурдаҳолӣ, дилу рагҳои хунгард ва бемориҳои дарунӣ бахшида шуда бошад, соли 2024 он зери шиори «Саломатии ман — ҳуқуқи ман» доир гардид,- гуфт сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Илҳомҷон Қараев.   Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали моҳи апрел дар ҷамоатҳои шаҳр ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ баргузор шуд ва дар як вақт Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ беш аз 80 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд аз ҷониби табибони собиқадор хатна шуданд.

  Муҳаммад ЗОКИР,

   «Садои мардум»