Даъвати тирамоҳии ҳарбӣ-2024

Ҳисор. Нақша ҳафтод дар сад иҷро шуд

№ 01.10.2024

WhatsApp Image 2024-10-01 at 15.29.48Субҳи якуми октябри соли 2024 ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва комиссари ҳарбии шаҳр подполковники артиш Беҳрӯз Ҳафиззода наваскаронро барои роҳ ёфтан ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табрику таҳният гуфта, барои ҳар яки онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватани азизамон таманниёти нек намуданд. Ҷаббор Носирзода иброз намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар ҳама ҷузъу томи неруҳои ҳарбии мамлакат  барои сарбозону афсарон шароити хуби хизмат муҳайё гардонида шудааст. Аз ин рӯ, хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб меравад. Маҳз, бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозон дар кишвари азизамон сулҳу субот ва тинҷию оромӣ пойдор мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ ба 210 нафар ҷавононе, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» курси ронандагиро хатм карданд, шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «С» супорида шуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар шаҳри Ҳисор дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии наваскарон нақшаи муқарраршудаи даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтод дар сад иҷро шуд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»