1-уми апрели соли 2024 бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Зимни ҷамъомад раиси шаҳр Қосим Роҳбар ва комиссариати ҳарбии шаҳр, наваскаронро барои роҳ ёфтан ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табрику таҳният гуфта, барои ҳар яки онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватани азизамон таманниёти нек намуданд. Раиси шаҳр иброз намуд, ки хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб меравад. Маҳз, бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозон дар кишвари азизамон сулҳу субот ва тинҷию оромӣ пойдор мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба 120 нафар ҷавононе, ки курсҳои ронандагӣ ва устои таъмири аккумуляторро хатм карданд, шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи С, С1 ва устои таъмири аккумулятор супорида шуд.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Ҳисор дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақшаи даъвати сафарбарӣ 45 % иҷро шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»