Дар толори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи «Ҳисор — таърихи гузашта ва имрӯза» доир гардид.
То оғози конференсия ширкаткунандагон намоишгоҳи ташкилнамудаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ошёнаи якуми бинои «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, тамошо карда, бо таърихи гузашта ва имрӯзаи Ҳисор шинос шуданд.
Дар конференсия масъулини Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарипов иштирокчиёни конференсияро хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки бисёр хуб аст, ки бахшида ба сеҳазорсолагии шаҳри Ҳисор, ки яке аз марказҳои тамаддуни Шарқ аст, конференсияи мазкур баргузор мегардад. Таҷлили чунин ҷашнвораҳо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, баҳри ободии Ватани азизамон, таҳкими сулҳу субот ва муҳимтар аз ҳама баҳри баланд гардидани ҳувияти миллӣ равона шудааст. «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон экспонатҳое дорад, ки ба таърихи Ҳисори қадим бахшида шудааст.
Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова зимни суханронии хеш минҷумла гуфт, ки шаҳри Ҳисор аз замонҳои қадим сазовори номи пурифтихори «Зарнисор» гардидааст. Ин водии пурфайзу пурбаракат бо табиати зебоманзари худ, обҳои равон, боғу бӯстонҳо, меваҳои болаззат, абармардҳои боҳиммат шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар оид ба таърихи шаҳри Ҳисор бо истифода аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ муаллифони гуногун даҳҳо рисолаю китобҳои таърихӣ навишта, дастраси хонандагон гардониданд. Аз тарафи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор вобаста ба ҷашни «3000 — солагии Ҳисор» Нақша -чорабиниҳои мушаххас тартиб дода, давра ба давра амалӣ мегардад.
Дар ҷараёни конференсия муовини раиси ноҳияи Ҳисор Ҳафтандил Азимов дар мавзӯи «Саҳифаҳо аз таърихи Ҳисор» маърӯза карда, аз ҷумла гуфт, ки ифтихор дорем, ки то имрӯз бо мақсади ташвиқи таъриху тамаддуни Ҳисори бостон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои илмию фарҳангии кишварамон чунин конференсияҳои илмӣ — назариявӣ баргузор гардиданд. Мавзӯи конференсияи имрӯза низ аз лиҳози илмӣ хеле муҳим аст.
Мушовири раиси ноҳияи Ҳисор Султонмурод Одинаев дар мавзӯи «Сарчашмаҳои таърихӣ ва маводи бойгонӣ дар пайдоиши Қалъаи Ҳисор» суханронӣ карда, ба ҳозирин оид ба пайдоиши Қалъаи Ҳисор маълумот дод. Нотиқ аз ҷумла гуфт, ки ковишҳои бостоншиносӣ, ёдгориҳои хаттӣ, иншооти меъморӣ, маводи бойгонии мавҷуда барои таҳкиқ ва тадқиқи таърихи диёр кумак мерасонанд.
Оид ба пайдоиши Теппаи Ҳисор андешаҳо гуногунанд. Як зумра олимон онро дастисохт мешуморанд, қисми дигар ба маълумоти асотирӣ ва ба «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ такя карда, онро ба Таҳмураси Девбанд — писари Ҳушангшоҳ, набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи афсонавии давраи Пешдодиён — Каюмарс нисбат медонанд. Ба андешаи мавсуф, хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст.
Номзади илми таърих Зуҳро Мадаминҷонова дар мавзӯи «Расму оинҳои тоҷикони Ҳисор» суханронӣ карда, роҷеъ ба таърихи расму оини мардуми Ҳисор, аз ҷумла тарзи ба бар кардани либосҳои миллии он давра, баргузории тӯю маъракаҳо, арӯсбинон, тайёр кардани таомҳои миллӣ, пешвозгирии меҳмон, ороиши дастархон ва ғайра ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Мудири шуъбаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Табарова дар мавзӯи «Ёдгориҳои таърихии Ҳисор ва ҳолати имрӯзаи онҳо» маърӯза карда, изҳор дошт, ки ҳар як ёдгории шаҳри Ҳисор таърихи худро дорад. Ин ёдгориҳо солҳои зиёд аз назарҳо дур монда, вайрону валангор гашта буданд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёдгориҳои таърихии ҳудуди ҷумҳуриамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои эҳё намудани онҳо ба сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи конференсия иштирокдорон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор, Осорхонаи миллии шаҳри Турсунзода, Осорхонаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дидан намуданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»