- Кормандони Суди шаҳри Истаравшан бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини адолати судӣ ва татбиқи қонунҳои кишвар корҳои назаррасро ба анҷом расониданд, — гуфт зимни суҳбат раиси он Содиқҷон Ваҳҳобзода.
Бино ба гуфти ӯ, дар семоҳаи аввали соли равон 149 парвандаи гражданӣ, 248 — оилавӣ, 63 - ҷиноятӣ, 335 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 88 дархосту пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба се шаҳрванд 9250 сомонӣ ҷарима таъин гардид.
Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 70 адад расида, нисбат ба 68 нафар, аз ҷумла, 42 нафар дар намуди огоҳӣ, 26 нафар дар намуди ҷарима ҷазо татбиқ гардид. Маблағи умумии боҷи давлатии рӯёнида аз рӯи ҳама намуди парванда 352457 сомониро ташкил дод.
- Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) бармеояд, нақша-чорабинии алоҳида иборат аз шаш банд таҳия ва тасдиқ гардида, иҷрои онро давра ба давра амалӣ менамоем. Инчунин, нақша — чорабиниҳо вобаста ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021», «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», «Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020» таҳия ва тасдиқ шуд, — афзуд номбурда.
Барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободониро низ тавсеа бахшида, ҳуҷраҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судӣ таъмир, намои берунаи бинои суд пурра рангубор ва даромадгоҳи роҳрави пеши бино низ таҷдид гардид.
- Эътироф менамоем, ки камбудиҳо низ мавҷуданд. Биноан, баҳри бартараф намудани онҳо кӯшиш карда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарем, — гуфт Содиқҷон Ваҳҳобзода.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»