ИСТАРАВШАН. ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОЗАР» ДОИР ШУД

№ 07.10.2024

озар Мирзо 0210241-уми октябри соли равон дар шаҳри Истаравшан нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ – «Озар» баргузор шуд, ки дар он 250 ҳунарманд маҳсули дастони худро пешкаши мардум гардонданд.

Дар ин намоиш аъзои раёсати Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ бо сарварии президенти созмони мазкур Саад ал-Қаддумӣ иштирок карданд.

 Иштирокчиён нахуст, бо арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни тоҷикон ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта, баъдан аз намоиши таъомҳои миллӣ боздид ба амал оварда, бо раванди тайёр кардани маҳсулоти оҳанӣ, аз ҷумла корду шамшер, ханҷару дигар маснуоти кишоварзӣ, шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри бостонии Истаравшан дар таърих бо ҳунармандону тоҷиронаш маъруф буда, имрӯз низ дар ин ҷо ҳунари аҷдодиро идома медиҳанд. Айни ҳол сокинони ин шаҳр ба 134 ҳунари бобоӣ шуғл меварзанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»