2-юми апрели соли 2024 дар майдони «Нишони давлатӣ«- и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода навдаъватшудагонро бо муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарбозон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
- Ба падарону модарони даъватшудагон барои тарбияи чунин фарзандони нексиришт изҳори миннатдорӣ баён менамоям. Ба наваскароне, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ- Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида истодаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватани азиз барору комёбиҳо орзумандам,- афзуд раиси шаҳр.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»