ҶДММ Ширкати илмӣ — истеҳсолӣ инноватсионии «Сомон Энерҷӣ» ба истеҳсоли намунаҳои фурӯзонакҳои нави каммасрафи барқии диодӣ шуруъ намуд. Дар ин ширкат аз соли 2010 ба истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи қаблӣ (тафсон) сар карда буданд. То ин давра аз маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхона бо тамғаи «Somon» мардуми мо истифода мебаранд. Кормандони корхонаи мазкур бо дарназардошти тараққиёти илму техникаи муосир, пайдошавии манбаъҳои нави равшанидиҳанда ва камбудиҳои ҷойдоштаи фурӯзонакҳои каммасрафи қаблӣ ба хулоса омаданд, ки ба азхудкунӣ ва ба роҳ мондани намуди нави манбаи равшанӣ — равшанидиҳандаҳои диодӣ рӯй оваранд. Баҳри муаррифии намунаҳои фурӯзонакҳои каммасрафи барқии диодӣ чанде пеш дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Татбиқи меъёрҳои сабз тариқи ташкили истеҳсоли лампаҳои барқии диодии каммасрафи ватанӣ ва пешомадҳо ҳангоми гузариш ба истифодаи он» доир гардид, ки дар он ҷамъомадагон атрофи сарфаи неруи барқ, сифат ва дигар афзалиятҳо ҳарф заданд.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигорамон ҷонишини директори генералӣ оид ба истеҳсолоти ҶДММ Ширкати илмӣ — истеҳсолӣ инноватсионии «Сомон Энерҷӣ» Наим Муҳаммадов иброз дошт, фурӯзонакҳои нав аз фурӯзонакҳои каммасрафи қаблӣ (тафсон) аз ҷиҳати сарфаи неруи барқ, рӯшноии бештар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза афзалияти бештар доранд. Фурӯзонакҳои каммасрафи тафсон ба миқдори кам бошад ҳам дар таркибашон симоб доранд, бинобар ин онҳоро баъди корношоямӣ безарар гардонидан даркор аст. Аммо фурӯзонакҳои барқиии диодӣ баъди корношоямӣ ягон моддаи зараровар надоранд. Фурӯзонакҳои диодӣ нисбат ба фурӯзонакҳои қаблӣ то 90 фоиз неруи барқро сарфа мекунанд ва ба саломатии истифодабарандагон таъсири манфӣ надоранд.
Одатан фасли зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиддат дар шабакаҳои барқӣ паст аст, аз ин сабаб бисёр фурӯзонакҳо корношоям мешаванд. Фурӯзонакҳои каммасрафи барқии диодӣ аз 164 волт то ба 250 волт тобовар мебошанд.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки аз соли 2010 ҳангоми гузариш ба фурӯзонакҳои каммасрафи қаблӣ (тафсон) имкон ба даст омад, ки то 900 миллион киловатт-соат дар як сол неруи барқ сарфа карда шавад. Дар натиҷаи пурра ба роҳ мондани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи барқии диодӣ имкон аст, ки сарфаи неруи барқ то якуним миллиард киловатт-соат дар як сол расад. Айни замон арзиши як фурӯзонаки истеҳсолмешуда аз 10 то 40 сомонӣ барои хонаҳои истиқоматӣ ва барои равшанакҳои кӯчаҳо вобаста ба тавониаш аз 1 ҳазор то 3 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Дар натиҷаи пурра ба роҳ мондани истеҳсолот арзиши онҳо паст ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мегардад. Зеро ширкати мазкур истеҳсолкунандаи дохилӣ буда, имкон дорад, ки бо ифтитоҳи намояндагиҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳам аҳолиро бо маҳсулоти сифатнок таъмин намояд ва ҳам шумораи зиёди ҷойҳои нави корӣ муҳайё сохта, қисми зиёди занонро бо кори доимӣ таъмин созад. Алҳол 75 фоизи коргарони ин ширкатро занон ташкил медиҳанд.
-Муҳлати хизмати фурӯзонакҳои каммасрафи барқии диодӣ аз 50 то 100 ҳазор соат мебошад ва мо ба маҳсулотамон кафолати дусола медиҳем. Яъне, дар давоми ду соли баъди фурӯш агар маҳсулотамон корношоям шавад, мо онро иваз менамоем. Шояд барои аҳолӣ каме мушкил шавад, зеро фурӯзонакҳои каммасрафи барқии диодӣ нисбатан қиммати баланд доранд, вале дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби сарфаи энергия ва дарозмуҳлатии хизматашон қиммати худро ҷуброн мекунанд, — иброз дошт Н. Муҳаммадов.
Ҳоло давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия барномаи батадриҷи гузариш ба фурӯзонакҳои каммасрафи барқии диодиро қабул кардаанд. Дар Олмон бошад, якчанд сол аст, ки кӯчаҳои шаҳрҳоро фурӯзонакҳои бо нури офтоб коркунанда равшан мекунанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, мо қарор додем, ки дар корхонаамон истеҳсоли манбаи диодии равшанидиҳандаро ба роҳ монем. Имрӯзҳо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ -техникӣ ва интихоби намудҳои истеҳсолшаванда идома дорад ва аввалин намунаҳои таҷрибавии маҳсулот бароварда шуда, аз ташхисгоҳи Агентии стандартизатсия, метрология , сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд гузаронида шуданд.
Бино ба маълумоти мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон яксола истеҳсоли неруи барқ дар қаламрави ҷумҳурӣ 18 милиард киловатт-соат мебошад, ки дар фасли тобистон барои аҳолии кишвар кифоягӣ мекунад, аммо дар фасли зимистон ҳудуди 4 миллиард киловатт- соат неруи барқ намерасад. Баҳри баромадан аз ин мушкилот манбаъҳои гуногуни тавлидкунандаи неруи барқ бунёд карда мешаванд. Аммо, аз ҳама беҳтараш сарфаи неруи барқ аст. Ба ҳамин хотир, мутахассисон сол то сол ба ин масъала диққати ҷиддитар зоҳир намуда, талош мекунанд, ки бо истеҳсоли техникаҳои каммасраф сарфаи неруи барқро ба роҳ монанд.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»