Истиқлоли давлатӣ

№108 (4848) 06.09.2024

Сарчашмаи иқдомҳои наву созанда барои ҷавонон

1666943262_45-krot-info-p-den-nezavisimosti-tadzhikistana-pozdravlen-49Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин неруи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд. Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд доранд ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунанд. Бо назардошти ин, коршиносон ба он назаранд, ки ғамхорию таваҷҷуҳе, ки ба ин қишри ҷомеа зоҳир мегардад, бесобиқа аст.

Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, онҳоро сарчашмаи иқдомҳои наву созанда, неруи созандаю бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи халқамон эълон карданд.

Дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда, татбиқи барномаҳои дигар идома дорад. Ин санадҳо риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ мусоидат мекунанд.

Хислати наҷиби дигари Роҳбари мамлакат он аст, ки барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим шумориданд.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ — «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст.

Аз он ифтихормандем, ки 3 сол қабл дар Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зикр карданд: «Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем».

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа тадбири зиёд андешида шуд. Дар ин муддат, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин, амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло рафтани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.

 Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар идоракунии давлат солҳои охир барномаи рӯй овардан ба ҷавонон роҳандозӣ гардида буд, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон, аз ҷумла ба илму касбомӯзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадами таълиму омӯзиш истифода карда мешавад. Ин иқдом натиҷаи назаррас ба бор оварда, даст­оварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, хоса Бозиҳои XXXIII олимпии Париж — 2024, шаҳодати ин гуфта аст.

Муҳимтар аз ҳама, ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд. Ман ба ҳайси як ҷавон ифтихормандам, ки ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд.

Илова бар ин, ҳамсолони ман дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаю софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан иншооти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ бунёд менамоянд ва дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро карда истодаанд. Омили мазкур далели возеҳи он аст, ки наслҳои ояндасози халқи тоҷик оини ҷавонмардӣ ва ватандӯстиву ватандориро мояи ифтихори худ мешуморанд ва ҳар як ваҷаб хоки Тоҷикистони азизро муқаддас меҳисобанд.

Ба шарофати таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии мунтазами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир комёб буда, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он бо сари баланд таҳсил менамоянд.

Ҳаводиси ҷаҳони муосир аз ҷавонони кишвар, ки қишри аз лиҳози мағзшӯӣ осебпазир маҳсуб мешаванд, тақозо дорад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худ ва ҳамсолонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротию тундрав эмин нигоҳ доранд. Вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии мост, ки баҳри боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон фаъолу ташаббускор бошем.

Ҳамон тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид карданд, бояд аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем, зеро гузаштагони мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзис­тиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.

Юсуф ҒАФФОРЗОДА,

мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе