Беҳтарин ва арзишмандтарин дастовард, ки армони ҳазорсолаи халқи тоҷик буд ва хушбахтона, ҷомаи амал пӯшид, истиқлолияти давлатӣ мебошад. Маҳз, дар заминаи истиқлолият мондагории миллати тоҷик дар саҳифаҳои ояндаи таърих ҷилваи тоза хоҳад гирифт. Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо эҳсоси фараҳу шодмонӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашни бузургу таърихии миллат — 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён гардиши куллӣ ба вуҷуд омад. Дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд ва аз оғози марҳилаи наву созанда дар ҳаёти мардуми кишвар башорат дод. Ин санаи таърихӣ барои миллати тоҷик на танҳо ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатӣ, балки ҳамчун санаи барқарорсозии адолати таърихӣ маҳсуб меёбад.
Ташаккули давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад.
Се омили асосӣ дар ҳаёти давлатдорӣ ва ба як давлати воҳиду мутараққӣ табдил ёфтани Тоҷикистон — ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бе ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ, талошу кӯшиши пайваста ва саҳми беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Давлатдории тоҷикон дар давраи Сомониён намунаи барҷастаи идоракунӣ ва инкишофи самтҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ эътироф карда шудааст. Маҳз, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон ин фаро расидани адолати таърихӣ мебошад.
Маҳз, дар натиҷаи талошу кӯшиш ва заҳмати пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хомӯш гардида, ҳазорҳо ҳамдиёрони бо амри тақдир фироригашта ба Ватани хеш баргаштанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ гашт ва мамлакат ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд.
Воқеан, дар он шароити фоҷиабор фарзандони огоҳи миллат тасмим гирифтанд, ки барои ҳар чӣ зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун иҷлосияи Шӯрои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатӣ даъват карда шавад. Дар чунин лаҳзаи душвор барои Тоҷикистон роҳбаре лозим буд, ки воқеан, андешаҳои миллӣ дошта бошад ва барои ҳимояи истиқлолияту истиқрори сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат ворид шудан фаъолияти пурсамари худро бо назардошти манфиатҳои давлату миллат оғоз намуданд. Дар он шабу рӯзҳо, ки тақдиру сарнавишти миллат ва ояндаи давлати тоҷикон ҳал мегардид, маҳз бо ҷасорату истеъдоди фавқулодаи Сарвари давлат миёни неруҳои муқобил сулҳу созиш ба амал омад.
Истиқлолияти давлатӣ, ин ифтихор аз соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик мебошад, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайваст.
Дарвоқеъ, вақте дар бораи давлат ва давлатдорӣ сухан меронем, таъкидҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат дар бораи шукрона аз ин давлату Ватани азизу маҳбуб кардан ба ёд меоянд, чунон ки медонем, имрӯз дар ҷаҳон 67 миллат ва халқияти дунё, давлат надоранд.
Ниёкони барӯманди мо барои истиқлолият, ободию эҳёи ин сарзамини биҳиштӣ талошҳои зиёд кардаанд. Баъд аз фурӯпошии давлати бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир миллати тоҷик бори дуюм мустақилияти худро ба даст оварда, ба ҷашни худшиносӣ, тантанаи дӯстӣ, ваҳдату муттаҳидӣ ва созандагию бунёдкорӣ табдил ёфта, мардумро бо азми дурусту саъйи комил, сӯи комёбиҳои нави меҳнатӣ ҳидоят намуд.
Миллати тоҷик ва халқиятҳои кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи бузурги созандагию бунёдкориро тай намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд.
Сарвари давлат аснои суханрониашон дар яке аз ҷаласаҳои тантанавӣ бо ишора ба касби истиқлолият ва ҳифзи дастовардҳои он чунин иброз доштанд: «Таҷлили санаи ба истиқлол расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурдубохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад».
Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ вазъи ноустувори ҷамъиятию сиёсӣ ба пойдорию мустақилияти давлату миллат халал эҷод мекард, зеро қувваҳои сиёсӣ ва мухолифини Ҳукумати конститутсионӣ, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехостанд, бо дастгирии зархаридони хориҷӣ талош доштанд кишварро боз ба гирдоби ҷангу ошӯб кашонида, ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ намоянд.
Дар он давру шароити ниҳоят вазнин ва ҳассос дар ҷомеа қувваҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳидае зуҳур карданд, ки рисолати таърихӣ ва масъулияти ватандориро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаю ғаразноки худро аз манфиатҳои миллию давлатӣ афзал донистанд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои дохилию мазҳабӣ ва маҳаллӣ кашиданд.
Устуворию матонат, оқилию соҳибхирадӣ ва фарҳанги баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод ва шароит фароҳам овард, ки дар давоми солҳои 1995-1997 музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расад.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятӣ миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии мардуми кишвар собит намуд, ки дар замони душвору нигаронкунанда ва муборизаи геополитикӣ дипломатияи Роҳбари давлати тоҷикон тавонист мушкилоти ба сари миллатомадаро бартараф намояд.
Нақш ва хизмати бузургу таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир гардид, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, фирориён ба Ватан баргардонида шуда, барои мардуми кишвар заминаи умед ба фардои дурахшон, кору фаъолият ва зиндагии шоиста гузошта шуд.
Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун рамзи ватану ватандорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги оламгир дар назди роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ва ба дӯши миллати тамаддунофари тоҷик вазифаҳои басо бузургу муҳимро вогузор намуд. Барои давлати мустақилу ҷавони Тоҷикистон замоне фаро расид, ки мебоист бе дахолати дигарон ва таъсиррасонии қувваҳои беруна пойдорию устуворӣ ва бақои давлатро таъмин, ҳувияту асолати миллатро эҳё ва ормонҳои ҳазорсолаи худро пиёда созад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият, яке аз хизматҳои арзандае, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи муаррифӣ кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол пеша карданд, ин ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ буд.
Дар баробари робитаҳои дипломатӣ, ҳамчунин, ба ҳамкорӣ ва робитаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Густариши робитаҳои берунии кишварамон бо давлатҳои хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ заминаи боэътимод гузошт ва дар даврони истиқлолият зиёда аз 500 корхонаи муштарак ташкил ёфт, ки онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас доранд.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои бузурги олам чун Федератсияи Россия, Чин, Ҳиндустон, Фаронса, ИМА ва дигар давлатҳо рӯ ба инкишоф ниҳода, даҳҳо корхонаҳои муштарак, ки дар заминаи ин робитаҳо ба миён омадаанд, бори дигар аз мавқеи босазои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳанд. Маҳз, чунин иқдом буд, ки Сарвари давлат Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари демократию дунявӣ, сулҳпарвар ва созандаю рушдёбанда дар ҷаҳон муаррифӣ карданд.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки баргузории вохӯрии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Саммити сарони кишварҳои форуми Шанхай, Форуми тоҷикони ҷаҳон ва даҳҳо чорабиниҳои дигар гувоҳи он буд, ки нуфузи байналмилалии Тоҷикистон сол аз сол тадриҷан меафзояд.
Роҳбарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо ҳамчун Президент ва Сарвари давлат, ҳамзамон шахси сулҳофару ташаббускор, созандаю бунёдкор, оқилу соҳибхирад, пешбин ва нафаре, ки ба тақдири сайёра ва аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса дорад, хуб мешиносанд.
Ин ҷо нуктаи назари якчанд нафар сиёсатмадори шинохтаро овардан кифоя аст, ки то чӣ андоза ба мавқеъ ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ кардаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми талошҳои ӯ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон раванди сулҳеро мегузарад, ки амсоли он дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад, дар кишварҳое, ки гирифтори муборизаи шадиданд. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми мардумону кишварҳо намунаи хубест».
Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан чунин иброз доштааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан ва ҳалли зиддияти дохилии миллиро нишон дод».
Дар ин радиф, собиқ Президенти Сенегал Абдулло Вад хушбахтии миллат ва қавму халқиятҳои Тоҷикистонро дар доштани чунин сарваре, ба мисли Эмомалӣ Раҳмон, арзёбӣ намуда, гуфтааст: «Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо марди оқил ва дурандешро ба ҳайси Сарвар ва пуштибон додааст. Таҷрибаи сулҳофарии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст».
Иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли 2003 «Соли оби тоза» ва солҳои 2005 — 2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», инчунин солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» эълон намудан ва қабул гардидани эъломияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус, ҳамзамон ташаббуси панҷумини Сарвари давлати тоҷикон — таъсиси Фонди байналмилалии таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт, ки ин далели равшани афзудани эътибори давлат ва Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи болоравии ҳарорати ҳаво ва пайомади он, ҳамзамон пешниҳоди коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки барои наслҳои оянда ва идомаи ҳаёт дар сайёра ногузир аст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфта, як қатор кишварҳои ҷаҳон барои истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои судманд андешида истодаанд.
Робитаҳои гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя ва дур, созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ сол аз сол густариш меёбанд. Дар ин самт густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ ҳамчун яке аз афзалиятҳои устувори сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ҳар давлатро ба осонӣ муяссар намегардад. Тоҷикистон низ то расидан ба ин рӯз монеа, мушкилиҳои зиёдро паси сар кард. Ақл, хирад ва андешаю афкори созандаи фарзандони фарзонаи миллат боис шуд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилӣ оқибат тантана намояд.
Муҳимтар аз ҳама, ваҳдату муттаҳидӣ ва сарҷамъии сокинони Тоҷикистон таъмин гардид. Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон роҳҳои нақлиётгарди замонавӣ бунёд шуда, сокинони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишварамон бе мушкилӣ ба Хатлону Бадахшон, Суғду Рашт ва Ҳисору Зарафшон сафар мекунанд.
Барои пос доштани хотири шахсиятҳои таърихӣ, фарзандони шинохтаи диёр ва қадршиносии онҳо дар даврони истиқлолияти давлатӣ 1100 — солагии давлати Сомониён таҷлил гардида, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Ҳамзамон, дар ин давра таҷлили 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 — солагии Ҳисори шодмон ва 5500 — солагии Саразми бостонӣ, бузургдошти шоирону адибони тоҷик, аз ҷумла 1150 — солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 — солагии бузургдошти саромади мазҳаби ҳанафиёни олам Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, инчунин Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрал, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигарон, эҳёи «Шашмақом» ва «Фалак» ботантана ҷашн гирифта шуданд. Ин шаҳодати арҷгузории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳли адаб ва илму фарҳанг мебошад.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Ин ниҳол ниҳоли истиқлолият аст, ки коми моро бо меваҳои шаҳдбораш ширин карда, дар вуҷуду сиришти мо афкору андешаи ободкорию созандагӣ, талош барои расидан ба зиндагии шоиста ва фардои дурахшонро ҷой мекунад.
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат тамоми қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Мо бояд минбаъд низ сарҷамъ ва муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолиятро ҳимоя карда, дастоварди бузургтарини даврони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия