Шаҳри бостонии Панҷакент дар солҳои Истиқлолият ба шарофати сиёсати дуруст ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд кард ва зиндагии мардуми диёр сол то сол хубтару беҳтар гардид.
Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони Панҷакенти бостонӣ, дар муҳити рӯҳафзо ва шодибахш кору пайкор карда, дар бахшҳои хоҷагии халқ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Далели ин гуфтаҳо дар Панҷакент бунёд гардидани садҳо иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Масалан, дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент 25 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид. Кохи фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ, бозсозии Маҷмааи ёдгории меъмории устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд, варзишгоҳ дар шаҳри Панҷакент, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, чойхонаи зебосохт дар соҳили кӯли шаҳрӣ, биноҳои муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, якчанд коргоҳи истеҳсолӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Танҳо дар се соли охир дар Панҷакент 32 коргоҳи нав бунёд ёфт. Дар онҳо сокинони шаҳр ба коркарди маъдани тиллодор, қалъагию мис, оҳак, сохтани дару тиреза, дӯхтани либосҳои миллӣ, бофтани қолин, адрасу атлас ва ғайра машғуланд. Соли ҷорӣ дар Панҷакент 14 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бо маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, ёриҳои грантии ташкилотҳои байналмилалӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 9 бинои нави муассисаи таълимӣ ва 3 бинои муассисаи тиббӣ сохта мешавад.
Дар солҳои Истиқлолият бунёди нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ — Панҷакент ва ба ин васила аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани водии Зарафшон аз ҷумлаи кору ибтикороти бузурге буданд, ки ба шарофати ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами кишвар амалӣ гардиданд. Ифтитоҳи коргоҳи азими саноати металлургияи рангаи Тоҷикистон — ҶДММ КМ «Зарафшон» аз арзишмандтарин музаффариятҳои даврони Истиқлолият мебошад, ки таҳти роҳбарии бевосита ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бунёд гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло 91,4 фоизи таъмини иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тавассути ҶДММ КМ «Зарафшон» сурат мегирад. Коргоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 481 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба соли гузашта 17 миллиону 442 ҳазор сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол намудааст.
Дар маҷмӯъ, коргоҳҳои саноатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 533 миллиону 755 ҳазору 800 сомонӣ расондаанд. Дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 миллиону 36 ҳазору 700 сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.
Иҷрои муваффақонаи нақшаи пардохти андозҳо самараи кори пурмаҳсули коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои барқу алоқа, нақлиёту сохтмон ва заҳмати фидокоронаи кишоварзон аст. Воридоти андозҳо, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар шаш моҳи соли 2016-ум 108 миллиону 414 ҳазору 88 сомонӣ иҷро шуд, ки назар ба нимсолаи аввали соли 2015-ум 16 миллиону 12 ҳазору 661 сомонӣ зиёд аст.
Дастовардҳои кишоварзон низ назаррас аст. Онҳо дар соли 2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 875 миллиону 105 ҳазор сомонӣ ва ё мутаносибан ба 106,1 ва 124,2 фоиз расониданд.
Дар соли 2015-ум 45 ҳазору 704 тонна ғалла, 68 ҳазору 51 тонна сабзавот, 68 ҳазору 252 тонна картошка, 2 ҳазору 446 тонна полезиҳо, 6 ҳазору 806 тонна мева истеҳсол шудааст. Майдони боғу токзор ҳар сол зиёд мегардад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар майдони 143 гектар боғ, аз ҷумла дар майдони 6 гектар боғи интенсивӣ ва 24 гектар токи нав бунёд карда шуд.
Соли ҷорӣ 5 канали магистралӣ пурра аз қуму лой ва партовҳо тоза карда шуд ва аз иншооти зикршуда моҳи март оби полезӣ ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, пойгоҳҳои нассосии обкаш пеш аз оғози кишт таъмиру таҷдид ва 8 пойгоҳи нассосӣ бо дастгирии моддию техникии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз карда шуд.
Баҳори соли ҷорӣ боронҳои пайдарҳами сел ба иқтисодиёти шаҳри Панҷакент, аз ҷумла ба иншооти хоҷагии халқ, манзили сокинон хисороти зиёд овард. Мардуми диёр пайомадҳои офати табииро мардонавор бартараф карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар як муддати кӯтоҳ каналҳои магистралӣ, варзишгоҳи шаҳрӣ, кӯчаҳо, манзилҳои сокинони шаҳри Панҷакент, деҳаҳои Шӯрча, Дашти Қозӣ, Рӯзи Обнок, Киштӯдаки Поён, Шинг, Косатарош, Филмандар, Баҳор, Мазор ва ғайра, қисмати зиёди сойҳои селгузар аз лойобу партовҳо тоза карда шуданд. Ба сокинони аз селобҳо зарардида маҳсулоту маблағҳои хайрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, ташкилотҳои байналмилалӣ дастрас гардиданд. Ҳамчунин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзеи Хамиртеппаи шаҳри Панҷакент 8 хона ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар мавзеи Дашти Қозӣ ва Рӯзи Обнок 7 хонаи сеҳуҷрагии айвондор бунёд намуданд.
Албатта, дар шаҳру деҳоти Панҷакент мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаб низ зиёданд. Фаъол гардонидани коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, такмил бахшидани бахши соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, мустаҳкам кардани соҳили дарёи Зарафшон ва кушодани заминҳои нав барои истеҳсоли шолию картошка, идома додани сохтмони навбати сеюми канали Халифа Ҳасан ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи он масъалаҳо мебошанд.
Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мардуми он баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати кишвар ва ҳалли мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконият истифода хоҳанд бурд.
Ислом Зиёзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент