Истиқлолият ва муҳити зист

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

752_oБа халқи тоҷик баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ охирҳои асри ХХ имконият фароҳам омад, ки соҳибис­тиқлол гардаду дар интихоби роҳи давлатдорӣ, ташкили соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини зиндагии шоиста мустақил бошад. Ва пӯшида нест, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ фарогир шуданд. Вале, ақлу хиради азалии халқ боло гирифту вакилони халқ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сарвареро интихоб карданд, ки тавонист бо ақлу заковат на танҳо кишварро аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ барорад, балки ба рушду нумӯъ расонд, ки далели равшани он эътирофи мамлакат ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби беш аз 180 давлати дунёст. Робитаи дипломатию иқтисодӣ бошад, бо беш аз 200 кишвари олам барқарор аст.

Халқ гавҳаршинос аст ва ҳаргиз хидматҳои шоистаи фарзандонро фаромӯш намекунад, балки сазовор қадршиносӣ менамояд. Маҳз ҳамин кӯшишу заҳмат ва аз ҷон гузашткарданҳо буд, ки ҳоло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат меноманд. Зеро дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо номи ӯ пайвастагии ногусастанӣ доранд.

Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди сиёсат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфт, пояҳои давлатдории миллӣ мустаҳкам гардид. Истиқлолият, дар радифи сохтори давлатдорӣ ва роҳи сиёсии кишвар, ба ҳама соҳа роҳи васеъ кушод, ки минбаъд дар самтҳои дигари ташкили фаъолият, пеш аз ҳама, рукн ва унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шаванд.

Яке аз падидаҳои неки замони соҳибис­тиқлолӣ он аст, ки ҳама гуна ташаббусу иқдомҳое, ки ба манфиати халқу давлат ва ободии диёр нигаронида мешавад, ҳатман аз ҷониби Пешвои миллат дастгирӣ меёбанд. Сарвари давлат  дар маросими баистифодадиҳии онҳо шахсан иштирок намуда, фотиҳаи нек медиҳанд.

Соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ роҳи васеъ кушод, ки ҳифзи муҳити зист низ аз он дар канор намондааст. Ин буд, ки бо дастгирии бевоситаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Бо кӯшишу эҳтимоми роҳбарияту кормандони вақти соҳа солҳои аввали соҳибистиқлолӣ санадҳои гуногуни меъёрӣ-ҳуқуқӣ омода ва дар мақомоти дахлдор ба расмият дароварда шуданд, ки барои пешравии кор такони ҷиддӣ бахшид. Хоса, ҷорӣ гардидани ҳисоботи омории шаклҳои 2ТП (ҳаво) ва 2ТП (об), омода шудани дастурамалҳои ҳисоби зарар барои ифлосшавии об, харобшавии замин, заҳролудкунии ҳавои атмосфера, дастури методии ҳисоби пардохти ҳатмӣ барои истифодабарии табиат, дастурамалҳои соҳаи ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрӣ имкон фароҳам оварданд, ки қадамҳои аввалин дар замони соҳибистиқлолӣ устувор бошанд.

Аз солҳои 2000-ум тавассути татбиқи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои партовкашонӣ шаҳру ноҳияҳо танзим гардида, дар назди ҷамоатҳои шаҳру деҳоти вилоят 16 корхонаи давлатии коммуналӣ ташкил гардид, ки барои бартараф намудани нуқтаҳои мавҷудаи партовҳои бесоҳиб заминаи мусоид гузошт. Бо дахолати мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои обу ташноб, шабакаҳои обтаъминкуниро азнав­созӣ намуданд, ки боис ба беҳтаршавии таъминот бо оби ошомидании сифатнок гардид. Алҳол, аҳолии шаҳри Хуҷанд, ки оби нӯшокии дуруштнокиаш баландро истеъмол мекарданд, бо татбиқи Лоиҳаи интиқоли оби сойи Хоҷабоқирғон бо оби тозаи босифат таъмин карда шуданд. Чорабиниҳои беҳтар кардани сифати оби нӯшокӣ дар шаҳрҳои Конибодому Истиқлол ва Гулис­тон низ амалӣ шуд.

1Яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд, 31 марти соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» мебошад. Он дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба истифода дода шуд, ки дар ҷамоати деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, масоҳаташ 5 гектар аст. Дар он ҳавзҳои парвариши намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои  тамошобоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои даштӣ гирд оварда шудаанд. Инчунин, бинои истироҳатӣ, толори нишас­ти меҳмонон, бинои маъмурӣ, ошхона, бошишгоҳҳо ва нуқтаи гигиенӣ-санитарӣ сохта шудааст. Ҳамчунин, барои нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвоноти дар ин мавзеъ гирдовардашуда, дидбонгоҳи назоратию муҳофизатии экологӣ ва бо мақсади нигоҳубин ва намоиши парандаи тазарв қафаси калон, ҳавзи моҳидорӣ бунёд гардидааст.

226 декабри соли 2019 Пешвои миллат оид ба сазовор истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд: «Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некуаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем…».

Ҷавобан ба ин гуфтаҳо иборат аз 20 банд нақша-чорабинӣ таҳия гардид, ки аксари онҳо татбиқ шуданд. Азнавтаҷҳизонии озмоишгоҳи раёсат, ки беҳтарин дастгоҳҳои ташхисиву таҳлилӣ дар он насб карда шуданд, таъмири пурраи бинои сарраёсат, таъсиси китобхонаи корӣ дар сарраёсат ва бахшҳои он дар шаҳру навоҳӣ аз зумраи онҳост. Инчунин, ният дорем, рӯзҳои таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ парваришгоҳи махсусгардонидашудаи мурғи даштию моҳиҳои хушзот ва дидбонгоҳи экологӣ дар мавзеи «Сартуқай»-и ҳавзаи дарёи Сир, инфрасохтори ба вай мансубиятдошта, биноҳои нави маъмурии бахшҳои раёсат дар шаҳру навоҳии Истаравшану Бӯстон ва Шаҳристонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода диҳем, ки туҳфаи хоксорона ба ҷашни бузурги миллат хоҳанд буд.

Хуллас, ҳама дастоварди соҳаро самараи даврони соҳибистиқлолии мамлакат медонем ва барои устувору пойдор гардидани он аз шароиту имкониятҳо пурра истифода хоҳем кард, то ки табиати зебои диёр боз ҳам зебову назаррабо бошад.

Абдуаҳад ҲАКИМЗОДА,

сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд