Истиқлолият ва таҳкими ҳокимияти судӣ

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

ЗаконБарои сокинони кишвар, дар қатори асноди дигар, ду санади ҳаётан муҳиму тақдирсози мамлакат вуҷуд дорад, ки ба онҳо арҷ мегузоранд. Яке аз онҳо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Ба таъкиди Пешвои миллат агар яке барои мо мустақилият дода, соҳибихтиёрии давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ эълом дошта бошад, дуюмӣ моро аз нав сарҷамъ намуда, пеши роҳи парокандашавиро гирифт ва сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.

Ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон заминаи воқеӣ ва устувор гузоштанд. Тавассути онҳо шохаҳои ҳокимияти давлатӣ пурра ба фаъолияти созанда шурӯъ намуданд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуд. Сохторҳои бар асари ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор гардиданд. Дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ ба амал бароварда шуд. Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар сохтори судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикис­тони соҳибистиқлол ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналхалқӣ мутобиқ гардонида шуда, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам шуд. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ баҳри мустақилияти судяҳо ва беҳтар намудани шароити моддию техникии онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои иловагӣ андешида шуд. Аз ҷумла, бори аввал бо Фармони Президенти кишвар соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судии ҳуқуқӣ» қабул шуд. Дар раванди амалигардонии ин барнома қонунгузории миллӣ такмил ёфта, як қатор қонунҳои амалкунанда дар таҳрири нав қабул гардиданд. Қисми зиёди қонунҳои дигар ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуданд. Ҳамчунин, бо татбиқи барнома воҳидҳои нави корӣ дар мақомоти судӣ таъсис ёфт, ки ба сатҳу сифат ва баамалбарории адолати судӣ таъсири мусбат расонид.

Бояд зикр намуд, ки амалӣ кардани ин барнома баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат намуда истодааст.

Бешак, Истиқлолияти давлатӣ даст­оварди муҳимтарини миллат буда, ба мардуми тоҷик барои сохтани давлати воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи воқеӣ гузошта, кафолати сиёсӣ ва пиёда гаштани ормонҳои миллӣ, рушди ҳамаҷонибаи иқтисоду фарҳанг, илму маориф буда, ба сокинони кишвар  барои зиндагонии воқеан ҳам шоиста шароит фароҳам овард.

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилона, созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди бисёр мушкилоту ­монеаҳо, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузош­тем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем.

Бояд қайд намуд, ки дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои давраи соҳибис­тиқлолии кишвар мебошад. Суд­ҳои иқтисодӣ ҳам самараи Истиқлолияти давлатии кишвар буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд.

Дар замони ҳозира вусъати бемисли рушди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан, дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ дар назди судҳои иқтисодӣ вазифа гузоштааст, ки вобаста ба таъмини босуботи фаъолияти низоми судӣ, баамалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ судҳои ҷумҳурӣ ва такмил додани қонунгузории миллӣ чанд маротиба «Барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва амалӣ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президенти мамлакат аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки барои боз ҳам самаранок гардонидани фаъолияти ­судҳо ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.

А. ХАЙРИДДИНЗОДА,

раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон