Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ

Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон

№132 (4552) 28.10.2022

Далелу рақамҳо бозгӯи азми қавӣ, нияти нек ва ҷонфидоиҳоанд

30-Солагии ИСТҲарчанд тоҷику тоҷикистониён баъд аз истиқлолияту озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардид, ки қодиранд зери роҳбарии ин абармард муттаҳид шуда, давлатро соҳибӣ ва Ватанро бо заҳмати содиқона ободу зебо намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолият барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба уҳдаашон гузошта буд, ­камари ҳиммат баста, дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз зулмоти яъсу ноумедӣ ба соҳили наҷот раҳнамоӣ карданд ва дар дилҳои онҳо чароғи эътимод ва бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон ва фаро расидани замони сулҳи деринтизор неру бахшиданд.

Раҳмон Асадулло, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ­кадрҳо барҳақ нигоштааст: «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан ҷоннисориҳо карданд».

Сулҳ ва ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ислоҳоти фарогир, таъсиси сохтори муассири идоракунӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, боло бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, эълони чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумат, таъмини шароити созгор барои тиҷорат, аз сар гирифтани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», афзоиши дарозумрӣ, коҳиши камбизоатӣ, афзоиши бесобиқаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, буҷети давлатӣ ва маошу нафақа хӯшае аз хирмани дастовардҳои давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.

Авзои он замонро ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 — 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт».

Чун нияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек ва иродаашон хастагинопазир буд, дар марҳилаи аввали давлатдорӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, комёб гардиданд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки кишвари мо танҳо соли 2000-ум ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳоти дар тамоми соҳаҳо, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоя­гузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш, идомаи мантиқии ибтикори ба сифати Роҳбари мамлакат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Ба назари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода: «Сиёсате, ки бо иқдоми Роҳбари давлат пеш гирифта шуд, дар солҳои минбаъда ба сароҳат нишон дод, на танҳо буҳрони иқтисодӣ, ки мамлакатро фаро гирифта буд, бартараф шавад, балки барои тадриҷан замина гузоштан ба асосҳои мустаҳками пешрафти устувору пайгиронаи иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам оварданд ва Тоҷикистон зина ба зина мушкилоти мавҷударо бо сарбаландӣ паси сар кард. Албатта, расидан ба саодати инсонӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста осон набуд».

Шоистаи арҷгузорӣ аст, ки Пешвои миллат бо ҷасорати хос ва беназир, бо вуҷуди зиёд будани садду камбудиҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бун­басти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафҳои стратегӣ эълон карданд.

Ба андешаи академик Кароматулло Олимов: «Ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Президент барои ҳалли душвортарин проблемаҳои ҳаёти халқамон нақши асосӣ бозид. Эмомалӣ Раҳмон барои ба низоми нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мутобиқ ба тақозои замон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ворид намудани кишвар як силсила ислоҳоти бузург гузаронида, Тоҷикистонро аз вартаи варшикастагии иқтисодӣ баровард. Гувоҳи ин аз 80% ба 26% паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад».

Ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани силсилаиқдомҳое, ки дар саргаҳи онҳо низ Сарвари давлат қарор доштанд, замина фароҳам овард, ки рушди муттасили кишвар таъмин гардад. Барои тақвияти ин суханон месазад андешаҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро иқтибос орем: «Интихоби дурусти вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хотима ёфтани ҷанги бародаркуш ва дар саросари кишвар тантана намудани сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки ҳамчун падидаи нодири таҳсили ихтилофу носозгориҳо ва дар саросари кишвари тоҷикон пойдор намудани сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд».

Бунёди силсилаи иншооти бузурги гид­роэнергетикӣ аз дастовардҳои муҳими соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб мераванд, ки дар саргаҳи онҳо маҳз Пешвои миллат қарор доранд. Мушкилот ва душвории асосие, ки дар оғози даврони истиқлолияти давлатӣ эҳсос мегардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ ба истиқлолияти энергетикӣ вобастагии зиёд дошт. Соҳаи энергетика, бахусус ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо рӯшноӣ ва гармидиҳӣ, дар ин давра ба мушкилоти асосӣ дучор гардида буд. Норасоии қувваи барқ дар мавсими зимистон барои аҳолӣ душвориҳои зиёдро эҷод мекард. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 2 — 4 соат қувваи барқ дода мешуд.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид зикр кардааст: «Ягона роҳи ҳалли ин масъала ва баромадан аз ин душвориҳо, бунёду сохтмони неругоҳҳо буд. Бахусус, қисмати шимоли мамлакат, ки дар замони шӯравӣ тавассути шабакаи ягона аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қувваи барқ таъмин мегардид, баъд аз мустақилияти кишварҳои минтақа ва ҷудо шудани онҳо аз шабакаи ягонаи барқтаъминкунӣ ба норасоии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид. Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар бораи манфиатовар будани бунёди неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ – энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар сухан мекарданд. Пешвои миллат таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро яке аз стратегияҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикис­тон арзёбӣ карда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётӣ талошу кӯшиши зиёд ба харҷ доданд».

Касе наметавонад инкор кунад, ки дар ҷаҳони муосир давлатдорӣ кори саҳлу сода нест. Пешвои миллат дар ин ҷода бо азми қавӣ ва нияти нек ҷонфидоӣ карданд, беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва гиромидошти ниёгонро меҳвар қарор дода, комёбанд. Сарвари хирадманду дурандеш собитқадамона ба сӯи ҳадаф мераванд, ки бо амри дил интихоб кардаанд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи тағйирнопазир доштанду дар раванди фаъолият идеяҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва механизмҳоеро ироа мекарданд, ки бо дурандешона будани худ фарқ мекарданд. Имрӯз, бо гузашти замон, маълум гардид, ки чунин мавқеъгирӣ дар ҳамон давра сарнавиштсоз будааст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло ин ҷанбаро чунин бозгӯйӣ кардааст: «Роҳи тайкардаи ин абармарди ҷабҳаи сиёсат фарохтар аз марзу буми Тоҷикистони азиз рафта, бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи муносибу арзанда намуд. Давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, ваҳдати сартосариро таъмин сохт. Дар татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ чун кӯҳ устувор аст ва хушбахтона, душманони миллати мо ба ниятҳои зишти худ нарасиданд ва намерасанд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистони азиз номи ин абармарди таърих, Пешвои муаззами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доимо зафарёбанд».

Ба ин суханони пурҳикмат чизе илова карданро ҷоиз намедонам. 

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»