Истироҳатгоҳи Камароб ба фаъолият оғоз кард

№ 01.07.2024

1Бо мақсади истироҳати 150 хонанда дар се давр истироҳатгоҳи Дараи Камароби ноҳияи Рашт фаъолияташро оғоз кард.

Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ раиси ноҳия Зарина Идизода ширкат варзид ва иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои истироҳати бофароғат дар таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муассир андешида, ташкили лагерҳои мактаббачагонро дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароит таъмин менамояд, ки ин истироҳатгоҳ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки ба ивази ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бояд хонандагон баъди истироҳати хуб бо неруи тоза пайи таҳсил шаванд. «Фаромӯш набояд кард, ки Тоҷикистони азиз оянда ба донишу истеъдод ва заҳмати ҳалолу садоқати шумо алоқаи зич дорад. Барои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Шумо бояд мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намоед ва ба мактабҳои олӣ дохил гардида, соҳиби касбу ҳунар шаведу ба Ватан ва миллат содиқона хизмат намоед», — афзуд раиси ноҳия.

Бинои истироҳатгоҳ замонавӣ сохта шудааст ва ба талоботи рӯз пурра ҷавобгӯ мебошад. Истироҳатгоҳ дорои хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзиш, ҳавзи шиноварӣ буда, баҳри босамар гузаштани вақти хонандагон ва баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ–фароғатӣ ба шароит аст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»