Истироҳати бачаҳо хуш мегузарад

№ 19.07.2024

FB_IMG_1719416696353Аз оғози мавсими таътили тобистона истироҳатгоҳҳои бачагонае, ки дар мавзеъҳои хушманзараи шаҳри Ҳисор воқеъ мебошанд, дари худро ба истиқболи наврасон боз намуданд.

Яке аз чунин маконҳои сайру истироҳат «Чангоб» мебошад. Истироҳатгоҳ дар басти аввал беш аз 100 кӯдаку наврас, аз ҷумла ятимони куллро ба истироҳату фароғат фаро гирифт.

Дар он тамоми шароит фароҳам буда, бачаҳо имкон доранд дар иҳотаи табиати афсонавии кӯҳистон ба намудҳои мухталифи варзиш машғул шаванд ва барои худ дӯстони нав пайдо кунанд.

Ба ин хотир, омӯзгорон ва мураббиёни соҳибкасб барои онҳо барномаҳои гуногун, аз ҷумла бозиҳои варзишӣ, пайраҳаҳои сайёҳӣ, семинар ва чорабиниҳои фароғатӣ пешбинӣ намудаанд. Истироҳатгоҳ дорои ошхонаю хобгоҳҳои салқину барҳаво, майдончаҳои варзиш барои футбол, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, гӯшаҳои бозии шоҳмоту шашка, ҳавзи оббозӣ ва китобхона мебошад.

Маъмурияти истироҳатгоҳ омӯзгорону мараббиёни соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намуда, барои хубу хотирмон гузаштани таътили бачаҳо чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва озмуну фестивалҳоро ба роҳ монданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»