Иттиҳод мардумро ба ғалаба расонид

№55 (4475) 06.05.2022

МАРДУМСолҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт ва ақибгоҳ тамоми қувва баҳри ғалаба сафарбар шуда, шиори мардум «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» буд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон сокинон ба нуқтаҳои қабул маблағ, ашёи қиматбаҳо ва заёмҳояшонро месупориданд, то ба фронт кумак шавад. Табиист, ки он маблағҳо барои истеҳсоли танку ҳавопаймоҳои ҷангӣ, техникаю таҷҳизот, сарулибоси аскарони майдони набард сарф мегардид.

Дар корхонаҳо, колхозу совхозҳо ба ҷои ҷавонмардони баҷанграфта асосан занону кӯдакон заҳмат мекашиданд. Тибқи маълумотҳо, агар то 1 октябри соли 1941-ум 51,4 фоизи коргару меҳнаткашонро занон ташкил медоданд, соли 1942 он ба 64,4 фоиз ва дар баъзе ҷойҳо то ба  70-80 фоиз расид.

Намояндагони Тоҷикистон ба майдони ҷанг рафта, бо аскарону афсарон дар мавридҳои мувофиқ вохӯрию мулоқотҳо ташкил намуда, онҳоро рӯҳбаланд мегардониданд. Аз Тоҷикистон барои ҷанговарони фронт 50 тонна меваи хушк, 17 ҳазор банка консерва ва мураббо, 151 вагон туҳфаҳои гуногун, 532 ҳазор либосҳои гарм, 25 ҳазор метр матоъ ва ғайра фиристода шуд.

Ҷавонписарон ва ҷавондухтарони тоҷик, дар баробари дигар халқҳои бародари шӯравӣ, дар муҳорибаҳо фаъолона иштирок карда, қаҳрамонона ҷангиданд. Аксари онҳо ихтиёрӣ ба фронт рафтанд. Масалан, аз 700 аризаи дар рӯзи якуми ҷанг бақайдгирифташуда дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябри шаҳри Сталинобод 200 ариза аз номи занон буд.

Корнамоии тоҷики ватандӯст Саидқул Турдиев намунаи ибрат аст ва дар таърих бо ҳарфҳои заррин номнавис шудааст. Вай, ки он замон дар вазифаи масъул кор мекард, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябри шаҳри Сталинобод ариза навишта, баъд аз иҷозати Комиссари халқии мудофиа С. К. Тимошенко ба сафи Армияи Сурх шомил гардид. Ӯ дар муҳорибаҳо, зимни гузаштан аз дарёи Днепр шуҷоатмандӣ нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гардид. Тоҷикписар Саидқул Турдиев дар Осиёи Миёна аввалин шахсест, ки ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор дониста шуд.

Ҳоло, вақте ки ба ҳаводиси кишварҳои гуногуни олам назар мекунед, маълум мегардад, ки дар замони ҳозира фашизм дар симои терроризму ифротгароӣ амал карда истодааст.  Яъне, инсоният аз даҳшатҳои асри гузашта сабақ нагирифтааст.

Дар чунин вазъияти ҳассос сокинони Тоҷикистон, хусусан ҷавононро, зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, соҳиб­илму соҳибмаърифат, худшиносу ватандӯст бошанд ва баҳри рушду ободии Ватан, ҳифзи марзу буми он ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ аз сидқи дил ҷаҳду талош намоянд.

Абдухолиқ ҶОЙЛОБОВ,

раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Роғун