Изҳороти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров

№122 (3423) 11.09.2015

 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров, фаъолон, пайравон ва ҷонибдорони он амали ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ва зархаридони ӯро сахт маҳкум менамояд.

Дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастани ин амали  номатлуб шояд бо мақсади доғдор кардани номи неки Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил шуда бошад. Аммо ҳар як шаҳрванди бонангу номус, меҳанпарасту ватандор, ифтихори миллидошта намегузорад, ки обрӯву эътибори давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ паст гардад. Баръакс, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин гуна ашхоси дасту дили нопокдошта ба мақсадҳои ғаразноки хеш нарасанд.

Ҳар як фарди худогоҳи миллатро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош варзанд.

Ҳизбиёни ноҳияи Б.Ғафуров итминони комил доранд, ки халқи тоҷик, ки пойдории Ваҳдати миллиро мароми хеш қарор додааст, намегузорад, ки сулҳи пойдору бебозгашти Тоҷикистони азизи мо халалдор гардад. Дар урфият мегӯянд, ки аз душмани беруна  дида, душмани дохила, ки хиёнаткори миллат ба ҳисоб меравад, хатарноктар аст.  Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри рушди устувори иқтисодии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум ҷидду ҷаҳд намоем.

Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам,

Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.