5 июни соли 2021 дар минтақаи сарҳади давлатӣ (нуқтаи сарҳадии №12/9, минтақаи «Қарамиқ») вохӯрии кории Комиссияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд. Тарафҳо изҳор менамоянд, ки вазъи мураккаби дар минтақаи мазкури сарҳади давлатӣ бавуҷудомада бо роҳи сулҳомез ҳал гардид.
Ҷонибҳо дар доираи масъалаҳои зерин протокол ба имзо расониданд:
- Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳар ду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
- Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
- Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
- Ҳар як амал дар сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо раисони комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
- Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
- Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
- Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
- Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
- Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.
С. Ятимов,
роҳбари Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ
К. Ташиев,
роҳбари Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ