Президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон воқеаҳои манфуру хунини хоинонае, ки рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат, аз ҷониби баъзе афроди кӯрнамаку ҷиноятпеша таҳти роҳандозии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим, ки боиси марги шаҳрвандони бегуноҳ, хусусан кормандони сохторҳои қудратӣ гардид, қотеъона маҳкум карда, аз аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассосу тақдирсоз ба хотири пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ягонагию якпорчагии халқу миллат ва Тоҷикистони азиз дар атрофи роҳбарияти сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро мадди назар қарор дода, ба бетарафию бепарвоӣ роҳ надиҳанд.
Итминони комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи манфиатҳои умумидавлатӣ ва таъмини амнияти кишвар тамоми чораҳоро меандешад.
Президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон.
АМИТ «Ховар»