Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси масъулияти касбӣ изҳор менамояд, ки вақтҳои охир воситаҳои ахбори омма тавассути ҳимоячиёни собиқ вазири саноат Саидов З. байни мардум афкори иғвоангез бо далелҳои беасос паҳн менамоянд.
30 июли соли равон, дар як нишасти хабарӣ ҳимоячиён Фахриддин Зокиров ва Исҳок Табаров тамоми далелҳои тафтишотро, ки дар нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 июли соли 2013 оварда шуда буд, бе асоси кофӣ, сохтакорӣ мешуморанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия худро муваззаф мешуморад, ки анъанаи низоангезӣ, каҷфаҳмиҳо, фишор овардан ба рафти тафтишот, истинод ба мақом ва нуфузи Агентиро пешгирӣ намояд.
Аз ин рӯ, қабл аз рад намудани даъвоҳои ҳимоячиён таъкид менамоем, ки чунин рафтори ғайрикасбӣ ва бо баҳонаи ҳифзи зерҳимоя туҳмат нисбат ба мақомоти тафтишотии Агентӣ байни мардум тафаккури носолимро бедор менамояд.
Дар нишасти хабарии Агентӣ бори нахуст далелҳои шайъии сохтакорӣ чун натиҷаи тасарруф дар сохтмони Душанбе-плаза, намоиш дода шуд. Ба замми ин, аввалин маротиба маводҳои тафтишот – санадҳои тафтиши молиявӣ ба манзури умум гузошта шуд.
Мутаассифона, дар вақти инъикоси нишаст ҳам журналистон ва ҳам ҳимоячиён, ки ба гузоришу хабарҳои матбуотӣ такя кардаанд ва бо сӯиистифода аз афкору андешаи худ байни омма иттилооти шубҳаангез паҳн намуданд. Ҳангоми суҳбат дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҳимоячиён Фахриддин Зокиров ва Исхок Табаров, онҳо иштибоҳи худро дарк намуда, ваъда доданд, ки минбаъд танҳо аз далелҳои муътамад истифода хоҳанд кард.
Вобаста ба ҳолати хусусигардонии 15 иншооти саноатӣ, ки ҳимоячиён онро рад мекунанд, чунин шарҳ медиҳем, ки Саидов З.Ш. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 иншооти ба Вазорати саноат шомилбударо тавассути Кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида, ин иншоотро ба номи ширкатҳои хориҷӣ, ки дар минтақаҳои офшорӣ «оффшорная зона» ба қайд гирифта шудаанду ба Саидов З.Ш. тааллуқ доштанд, ба номи хешовандони наздикаш ҳуҷҷатгузорӣ намудааст.
Аз ҷумла фабрикаи «Гулистон» ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ҶСП «Абрешим» ба номи Саидов Хайрулло, ҶСП «Алмаз-Азия» ба номи Саидов Хайрулло, ҶСП «Табарук» ба номи Саидов Х., ҶСП «Меҳробод» ба номи Саидов З.Ш., корхонаи «Тоҷикмармар» ба номи ҳамсараш Тоҳирова Латофат ва ғайра. Ба ҳамин монанд дигар корхонаҳои саноатӣ низ ба номи хешовандони наздикаш номнавис карда шудаанд. Ин далелҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва раднашаванда исбот гардиданд.
Ҳимоячиён ботаассуф ва пушаймонӣ изҳор намуданд, ки аз ин далелҳо огоҳӣ надоранд.
Тафтиши пешакӣ айни замон вобаста ба ҳолати дурустии хусусигардонии корхонаҳои саноатии ба Саидов З.Ш. тааллуқдошта идома дорад ва айни замон мувофиқи мақсад нест, ки сирри тафтишотӣ дар ин хусус пурра фош карда шавад.
Дар раддияи худ ҳимоячиёни Зайд Саидов эълон намуданд, ки 15 иншооти саноатие, ки дар давраи вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш хусусӣ гардонида шудаанд, ба Зайд Саидов тааллуқ надоранд. Тибқи асноди расмӣ ҳамаи ин иншоот бо мактуб ва дархости Зайд Саидов ба Кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хусусигардонӣ пешниҳод гардидаанд. Ҳангоми ин хусусигардониҳо ҳолатҳои тамаъҷӯйӣ ва порагирӣ ошкор гардидааст. Чунончӣ, ширкати «Тоҷикатлас» чун гарав барои пӯшонидани пораи 1500 ҳазор доллари ИМА дар парванда собит гардидааст.
Дар маҷмуъ, зарари молиявӣ 62 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳимоячиён ин далелро низ тасдиқ намуданд.
Ҳимоячиён дар нишасти матбуотӣ изҳор намуданд, ки ташкилоти «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» ташкилоти ҷамъиятӣ аст ва ин маблағҳо ба буҷет дахл надоранд. Дуруст аст, ки ташкилоти «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» дар сохтмони Душанбе-плаза ва дигар иншоотҳо маблағи худро сарф накардааст ва тасарруф, изофанависӣ аз 180 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағи фармоишгар – Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудогардида сурат гирифтааст.
Мувофиқи санадҳои иҷрои корҳои ба Фармоишгар пешниҳоднамудаи Пудратчӣ дар давраи аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи марти соли 2012 ҳаҷми корҳои дар иншооти мазкур иҷрогардида маблағи 181 331 192,0 сомониро ташкил медиҳад.
Аз тарафи мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти молиявию хоҷагии ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал»-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисони соҳавии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП», Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагони Фармоишгар — Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» ва кормандони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» санҷиши интихобии ҳаҷми корҳои сохтмонии дар «Сохтмони иншооти Душанбе — плаза» иҷронамудаи ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» барои давраи аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи марти соли 2012 гузаронида шуд.
Санҷиш муайян кард, ки масъулини Пудратчӣ-ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» зимни иҷрои корҳои сохтмони дар иншооти мазкур ба изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ роҳ дода, ҳаҷми кору хизматрасонӣ ва арзиши корҳои иҷрогардидаро нисбат ба корҳои дар асл иҷрошуда ба маблағи умумии 11 896 663,67 (ёздаҳ миллиону ҳашсаду наваду шаш ҳазору шашсаду шасту се сомониву 67 д.) сомонӣ зиёд нишон додаанд, ки дар натиҷа ба буҷети давлат зарари махсусан калони моддӣ расонида шудааст.
Барои мисол, масъулини ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» дар санадҳои корҳои иҷрошуда, дар қисми корҳои фарши ошёнаҳои аз ду то панҷи бинои «Душанбе – плаза» истифодаи масолеҳи сохтмонии паркети бадеиро нишон додаанд, вале дар асл дигар намуди масолеҳи сохтмонии сифаташ паст (ламинат)-ро истифода намудаанд ва танҳо аз ин ҳисоб ба маблағи 4 716 602,0 (чор миллиону ҳафтсаду шонздаҳ ҳазору шашсаду ду) сомонӣ изофанависӣ кардаанд.
Ба ҳамин монанд дар сохтмони мактаб барои 1354 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби №8-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва дигар иншооте, ки Пудратчии онҳо ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ шудаанд, изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ ба маблағҳои миқдорашон махсусан калон ошкор карда шудаанд.
Дар маҷмуъ, аз ҳисоби маблағҳои истифодашудаи буҷети шаҳри Душанбе 38 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Аз ҷумла ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ аз изофанависии корҳои сохтмонӣ, изофанависии корҳои оҳану бетонӣ, ҳаҷми кор ва арзиши корҳои ороишӣ (ба маблағи 6,8 млн. сомонӣ), зиёд нишон додани арзиши масолеҳи сохтмонии паркети бадеӣ (4,7 млн. сомонӣ) ва изофанависии дигар номгуйи кору хизматрасонӣ 315,9 ҳазор сомонӣ, пинҳонкунии андозҳои давлатӣ ва андози иҷтимоӣ 19,6 млн. сомонӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ дар иншооти буҷетӣ 13,3 млн. сомонӣ, барзиёд нишон додани хароҷоти музди меҳнат дар иншооти буҷетӣ 5,6 млн. сомонӣ ва дигар камбудиҳои молиявӣ 2025,0 сомонӣ ошкор карда шуд.
Вале, ҳимоячиён бо эҳсосот ҳамаи инро рад намуда, раддияашонро бо далелҳои муътамад асоснок накардаанд.
Бояд тазакур дод, ки дар ҳар як ҳолати тафтишшаванда Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мутахассисон, коршиносон ва экспертҳои касбии беғаразро ҷалб намуд. Ҳатто ба кишварҳои хориҷа сафар намуда, саҳеҳияти далелҳои изофанависиро аниқ кардаанд.
Аксари хабарнигорон, аз ҷумла ҳимоятчиён Фахриддин Зокиров ва Исҳок Табаров дар мавриди ҷинояти таҷовуз ба номус худро ба нодонӣ андохтаанд.
Тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз тобеияти тафтишотӣ, прокурор ҳуқуқ дорад бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани тафтиши пешакӣ, дилхоҳ парвандаи ҷиноятиро (сарфи назар аз ҷинояти пешбининамудаи Кодекси ҷиноятӣ) аз як мақомоти тафтишотӣ ба дигар мақомоти тафтишотӣ ё аз як муфаттиш ба дигар муфаттиш супорад.
Ин ҳолат дар ваколати бевоситаи прокурор аст ва парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷинояти таҷовуз ба номус аз тарафи прокурор ба мақомоти тафтишотии Агентӣ вогузор карда шудааст.
«Иттиҳоми таҷовуз бе ҳадаф нест», — гуфтани вакилони дифои Зайд Саидов ягон асоси воқеӣ надорад. Чунки суд метавонад баррасии парвандаҳои ҷиноятии ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва дигар ҷиноятҳоро бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, дар муҳокимаи пӯшидаи судӣ амалӣ намоянд. Ин бевосита ваколати суд мебошад ва ба Агентӣ рабте надорад.
Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар рӯбарӯкунӣ ба шоҳид ё ҷабрдида таъсир ё зарар расонад ва ё онҳоро тарсонад, рӯбарӯкунӣ истисно карда мешавад.
Ҳимоячии Саидов З. — Исҳок Табаров гуфтааст, ки «ҳанӯз рӯзи 16 июни соли ҷорӣ ариза аз сӯи духтарак ва модар ворид шуда, парванда низ ба ҳамин тариқ боз шудааст ва на онҳо ва на зерҳимояашон Саидов Зайд он духтарро надидаанд.».
Ҷабрдида ва модари ӯ дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Агентӣ муроҷиат накардаанд, балки дар аввали моҳи июли ин сол онҳо бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуданд ва танҳо пас аз санҷиши ваҷҳҳои дар ариза ва нишондод-ҳои онҳо овардашуда 16 июли соли 2013 нисбати Саидов Зайд оид ба ҳолати таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Доир ба ҳолати рӯбарӯкунӣ нисбати гуфтаи ҳимоячӣ Табаров И., ки гӯё модари духтари ноболиғ дар рафти рӯбарӯкунӣ бо Саидов З. ҳатто сарашро боло накарда, як нуқтаро нигоҳ кардааст, бояд қайд намуд, ки чунин ҳолат умуман ҷой надошт ва ҳатто дар рафти рӯбарӯкунӣ байни онҳо низоъ ба миён омада буд.
Ғайр аз модари духтари ноболиғ шоҳиди дигар низ, ки Зайд Саидов барои ин духтарро ба занӣ гирифтан ба ӯ 1300 доллари амрикоӣ дода буд, бо Саидов З. рӯ ба рӯ карда шуд ва ҳардуи ин ҳимоячиҳо зимни гузаронидани ин ҳаракати тафтишотӣ иштироки бевосита доштанд. Шоҳидони мазкур дар рафти рӯбарӯкунӣ бо Саидов З. нишондодҳои худро пурра тасдиқ карданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти ҷиддӣ бори дигар ба кормандони воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамъиятӣ ва ташаббускорони дифои ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидов муроҷиат мекунад, ки парвандаҳои марбути Зайд Саидов ягон ғарази сиёсӣ надошта, танҳо ба мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, ҳифзи манфиати ҷомеа ва барқарор намудани маблағҳои буҷетӣ баррасӣ мегардад.
Аммо, муносибати ташкилоту идораҳои дар боло зикршуда дар ин ҳолат ҳадафи иғвоангезӣ дошта, ба бархӯрди манфиатҳои шахсӣ бар хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва баҳри ташаккули тафаккури манфӣ нисбати идораҳои қудратӣ нигаронида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки кӯшиш-ҳои аз Зайд Саидов тарошидани ҷабрдидаи бегуноҳ, «маҳви соҳибкори ҳалолкор», «ободкори саховатманд» баръакс, ғаразҳои сиёсӣ доранд. Ин ҳолатҳо ба рафти тафтишот, ҷалби ҷабрдидаҳо ҷиҳати кӯмак ба тафтишоти холис, барқарор намудани маҷмуи зарарҳои калон ба ҷамъият ва буҷети давлатӣ халали ҷиддӣ мерасонад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди муҳри махфии парванда ҳамеша барои ҳамаи ташкилотҳо ва воситаҳои ахбори омма дарҳои кушода эълон медорад. Вале аз ҷониби онҳо низ эҳтироми сохтор, риояи ахлоқи касбӣ, суботу тамкинро тақозо менамояд.
Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон