Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амали террористие, ки 4-уми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз тарафи ҷонибдорони собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба вуқӯъ пайваст, шадидан маҳкум мекунад. Чунин амалҳои тахрибкорона шаҳодат медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд сулҳу субот ва амниятро, ки саодат, шукуфоӣ ва пешрафти миллат ба онҳо бастагӣ дорад, халалдор созанд. Онҳо рушду пешрафт ва ободии кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, ба ҳар васила мехоҳанд мақсаду ниятҳои нопоку муғризонаашонро пиёда кунанд, аммо мардуми огоҳу бедори тоҷик, ки рӯзҳои сахтро аз сар гузаронидааст, ҳаргиз фирефтаи амалҳои сӯзандаи онҳо намегардад, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад ва ҳамеша оромию осудагӣ ва сиёсати сулҳовару созандаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ мекунад.
Зиёиёни мамлакат ҳамеша сулҳро бар ҷанг ва озодию истиқлолро бар истеъмор тарҷеҳ медиҳанд ва дар партави ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ пайи густариши маънавиёти миллат камар мебанданд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандони онҳое, ки қурбони ин амали террористӣ шуданд, ҳамдардӣ изҳор мекунад.