Барои солимии ҳар яки мо муҳити созгори хонавода ва ҷойи кор хеле муҳим аст. Зеро ҳамдигарнофаҳмӣ ва суханҳои дағалу кинояомези атрофиён ба кас зарбаи равонӣ расонида, билохира боиси баландшавии фишори хун мешавад.
Фишорбаландӣ сабабҳои дигар ҳам дорад, ки яке аз онҳо камҳаракатӣ мебошад. Ҳаёти солим, риояи гигиена, ба оянда дилгарму серғайрат будан гарави саломатист. Баъзе ашхоси нафақахӯр аз бекорӣ дилтанг шуда, ба боғпарварӣ, чорводорӣ, мурғу занбӯриасалпарварӣ машғул мешаванд. Занони рӯзгордида бошанд, ба духтару келинҳояшон ёрӣ мерасонанд. Инҳо омилҳоеанд, ки кори дилу рагҳоро хуб, асабро ором, табъро хуш ва гардиши хунро тақвият мебахшанд. Ҳама корро ба ҷавонон ҳавола кардан, рӯзи дароз дар хона телевизор тамошо намудан, гардиши хунро халалдор ва касро гирифтори бемориҳои гуногун менамояд. Ба ғайр аз ин, одаме, ки ба коре машғул аст, инҷиқӣ, бадҷаҳлӣ, зудранҷӣ барин хислатҳои манфӣ надорад.
Барои гирифторони фишорбаландӣ наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шомро дар вақташ хӯрдану сайругашт намудан зарур аст. Ҳангоми баланд шудани фишори хун ба оромӣ риоя карда, давоҳои таскинбахш истеъмол намудан лозим аст. Субҳгоҳон, пеш аз наҳорӣ, як пиёла оби ҷӯшидаи ширгарм нӯшидан фаъолияти меъдаю рӯда, ҷигар ва гурдаҳоро беҳ намуда, дилбеҳузурии субҳгоҳиро пешгирӣ мекунад.
Барои фишорбаландон истеъмоли ҷурғот, творог, шарбати зардолу, меваҳо, хӯриш (салат)-и аз лаблабу тайёршуда, хӯрокҳои буғпаз муфид аст. Хуб мешуд, ки нонро кам истеъмол намоянд. Аз истеъмоли ғизоҳои сернамак худдорӣ бояд кард. Ҳафтае 1- 2 маротиба истеъмол намудани моҳӣ ва ғизоҳои аз гӯшти мурғ тайёршуда тавсия мешавад.
Истеъмоли чойи кабуд, зардолуоб, шарбати себ, олуча ва олуболу низ муфид аст. Ба баланд шудани фишори хун, беҳуда асабӣ шудан, тағйирёбии обу ҳаво, шамолкашӣ ва зуком низ боис шуда метавонанд.
Фишорбаландонро лозим аст, ки ҳар рӯз фишори хунашонро санҷанд, мунтазам аз муоинаи духтури бемориҳои дил (кардиолог) ва ё духтари бемориҳои дарунӣ (терапевт) гузаранд.
Тавсия дода мешавад, ки рӯзе се бор як қошуқӣ шарбати сабзӣ нӯшанд ё ду дона сабзии хом истеъмол намоянд.
Сайёра КЕНҶАЕВА,
табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10