Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор серсоҳа буда, дар баробари кишти сабзавот, боғу токпарварӣ, пахтакорӣ ва ғалладонагиҳо, парвариши чорвои калони шохдор ва чорвои майда самти муҳими фаъолияти он ба шумор меравад.
Айни замон фермаи ширию молии хоҷагӣ дорои 800 сар чорвои калони шохдор буда, қисми зиёди он намудҳои беҳтарини зотҳои «сиёҳало» ва «симентал» мебошад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдор 355 сари он ширдеҳанд, ки аз ҳар кадоми онҳо дар давоми сол то 5,5 ҳазор литр шир дӯшида мешавад.
- Бурди асосии мо сари вақт захира кардани хӯроки серғизо барои чорво мебошад. Роҳбарият ва мутахассисон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин боис гардидааст, ки дар фермаи ширию молии хоҷагӣ ҳаҷми зиёди хӯроки чорво, бахусус, барои зимистонгузаронии солҳои 2020-2021, захира шавад, — гуфт зимни суҳбат раиси хоҷагӣ Баҳриддин Солиҳов ва афзуд: — Барои бе мушкилӣ гузаронидани зимистони имсола зиёда аз чор ҳазор тонна хӯроки ширадор, аз ҷумла 600 тонна лаблабуи хӯроки чорво, 2700 тонна хӯроки дурушт, 900 тонна тарбеда ва хошоку коҳу пахол, захира шудааст.
Ҳоло хоҷагӣ дорои 1037 гектар замини обӣ буда, 500 гектари он барои кишти хӯроки чорво, амсоли юнучқа 250 гектар, ҷав — 45, гандум -25, лаблабу-10 ва ҷуворимакка 170 гектар, ҷудо шудааст.
Афзун намудани саршумор ва хушзоткунии чорвои калони шохдор низ дар назар буда, бо харидорӣ кардани зоти «симентал» аз Ҷумҳурии Федеративии Германия (соли 2018) саршумори ин зоти чорво рӯ ба афзоиш аст. Ҳамчунин, дар хоҷагӣ беш аз 1260 сар гӯсфанд парвариш ва ҳар сол саршумори онҳо зиёд мешавад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»