Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ё Ширкати комили «Абдуқодир ва компания»?
Ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» шаҳрвандон вобаста ба мушкилоти рӯзгор мунтазам муроҷиат мекунанд. Аз ҷумла, чанде пеш соҳибкор Абдуқодир Бобоев аз рафтори масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб шикоят ва аз ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки минтақаи истироҳатии оммавии қонунан ба ӯ тааллуқдоштаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ғайриқонунӣ ба дигар шахсон додаанд. Бо мақсади омӯзиши далелҳои дар мактуб ҷойдошта ба ноҳияи Варзоб сафар карда, бо масъулони мақомоти марбута вохӯрдем.
Тавре иттилоъ пайдо кардем, сокини деҳаи Ғузғарфи деҳоти «Варзоб – Қалъа»-и ноҳияи Варзоб Абдуқодир Бобоев дар асоси қарори раиси ноҳия таҳти № 107 аз 19 августи соли 1994 хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб»-ро таъсис додааст. Барои ин 6 гектар замин, аз ҷумла, 4 гектар барои кишти зироатҳои ғалладона дар мавзеи Чилликак ва 2 гектар барои бунёди боғи себ дар мавзеи Тути Хирманаки деҳаи Ғузғарф ҷудо шудааст. Хоҷагии деҳқонӣ то ҳол дар қитъаҳои замини зикршуда фаъолияти самарабахш дорад. Абдуқодир Бобоев соли 2002 барои ташкили минтақаи истироҳатӣ — оммавӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ариза пешниҳод мекунад. Дар асоси аризаи ӯ бо қарори раиси ноҳия таҳти № 88 аз 2 апрели соли 2002 аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи соҳили дарёчаи Ғузғарф ба хоҷагии «Шуҳрати Варзоб» 1,48 гектар замин ҷудо мекунанд ва барои бунёди минтақаи истироҳатӣ корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд. Қитъаи замин тибқи муқаррарот ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 009542, ки барои истифодаи бемуҳлат ва бунёди минтақаи истироҳатӣ ба соҳибкор дода ва таҳти № 242 ба қайд гирифта шудааст, далели ин гуфтаҳост.
Абдуқодир Бобоев мегӯяд, ки 1,48 гектар заминро бо сангдевор ҷудо кардааст. Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб Оймаҳмад Холов, мутахассиси ҳамин кумита Ҷӯрабек Гулов ва муҳандис — заминсози деҳоти «Варзоб-Қалъа» Анвар Раҳимов онро аз мувозинаи заминҳои истироҳатӣ бароварда, бо қарори раиси ноҳияи Варзоб ба ихтиёри ӯ вогузор кардаанд.
- Заминҳои ҷудошуда санглох ва дар ду тарафи соҳили дарёчаи Ғузғарф ҷойгир буданд. Бо азоб ба масофаи 1,4 километр роҳ кушодем. Заминро аз санг тоза карда, солҳои 2002-2005 бинои дуошёнаи иборат аз се ҳуҷра, як бинои панҷҳуҷрадор, ҳавзи шиноварӣ бунёд карда, таҳкурсии ду бинои дигарро дар масоҳати 200 м2 гузоштем. Баъди ба мувофиқа расидани хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб» бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо қарори раиси ноҳияи Варзоб таҳти № 490 аз 11 декабри соли 2003-юм 0,62 гектар замини минтақаи истироҳатӣ — оммавӣ ба фонди заминҳои ноҳия ворид карда шуд, — изҳор дошт А. Бобоев.
Баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» таҳти № 271 аз 16 августи соли 2007 заминҳои минтақаи истироҳатӣ — оммавӣ соли 2008-ум қонунӣ гардонида шуданд. Худи ҳамон сол бо сабаби нодуруст будани ҳуҷҷатгузориҳо Прокуратураи ноҳияи Варзоб санадҳои молу мулки аз ҷониби комиссияи махсус қонунигардонидашударо бекор кард ва онҳо соли 2009 аз нав қонунӣ гардонида шуданд. Минтақаи истироҳатӣ – оммавии ба А. Бобоев вобасташуда бо қарори Комиссия оид ба қонунигардонии молу мулки ноҳияи Варзоб таҳти № 5305 дар масоҳати 9130, 5 м2 бо розигии А. Бобоев ба номи Норова Мавлюда Холовна ба қайд гирифта, Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк аз 30 июни соли 2009 таҳти № 5118 дода шуд.
Хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб» 26 июни соли 2010 пас аз бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар мақомоти андоз ивази ном карда, минбаъд ҳамчун Ширкати комили «Абдуқодир ва компания» ба фаъолият пардохт.
Абдуқодир Бобоев мегӯяд, ки бинобар сабаби буҳрони молиявии ширкат тайи 3-4 сол сохтмони минтақаи истироҳатӣ — оммавиро мавқуф гузошт ва соли 2014 имкон пайдо кард, ки дар оғози фасли баҳор ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшад. Ҳамон вақт огаҳӣ ёфт, ки қитъаи №3-и дар сертификат нишондодашудаи замини минтақаи истироҳатии ба М. Норова тааллуқдоштаро, ки дар масоҳати 0,16 гектар муайян шудааст, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб Оймаҳмад Холов, мутахассиси ҳамин кумита Ҷӯрабек Гулов ва муҳандис-заминсози деҳоти «Варзоб-Қалъа» Анвар Раҳимов бо маслиҳат ба истиқоматкунандаи кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саид Асроров ҳамчун масоҳати 0,37 гектар додаанд. Бинобар сабаби надоштани имконияти молиявӣ Саид Асроров дар се сол натавонистааст, ки корҳои сохтмониро барои бунёди истироҳатгоҳ дар замини ҷудогардида шурӯъ намояд. Дар натиҷа, қитъаи замин ба фонди замини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргардонида мешавад. Сипас, кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия қитъаи замини номбурдаро сохтакорона ба номи сокини деҳаи Ғузғарфи деҳоти «Варзоб-Қалъа» (корманди филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Варзоб) Меҳрубон Раҷабов ҳуҷҷатгузорӣ менамоянд.
Ҳоло дар ин қитъаи замин Шукрулло Давлатов, (директори филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Ваҳдат) корҳои сохтмониро идома дода истодааст. Мутаассифона, Меҳрубон Раҷабовро, ки ғайриқонунӣ ҳамчун соҳиби замин муаррифӣ шудааст, пайдо карда натавонистем. Аз рӯи маълумоти бадастомада, Меҳрубон Раҷабов, бинобар мушкилоти молиявӣ, ба Федератсияи Россия рафтааст. Аз Шукрулло Давлатов хоҳиш кардем, ки ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба сохтмони истироҳатгоҳ пешниҳод намояд, вале ӯ на ҷавоб гуфт ва на ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаро пешниҳод кард.
Аҷоиботи кор дар он аст, ки як қитъаи замин ба номи се нафар ҳуҷҷатгузорӣ шудаасту масъулон бехабар мондаанд ё шояд…
Абдуқодир Бобоев гуфт, ки борҳо оид ба ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардааст, вале касе инро ба эътибор нагирифтааст. Ба ҷойи он ки ҳақиқати ҳолро муайян кунанд, баръакс, ӯро гунаҳкор ҳисобиданд.
- Баъди ин ҳама ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардам. Мутаассифона, муроҷиати ман қариб ду сол бе ҷавоб монд. Ҳол он ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» муҳлати ҷавоби муроҷиат як моҳ муқаррар гардидааст. Баъди гузаштани ин муҳлат судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Камолзода ҳалномаро ба фоидаи шахсони дар боло зикршуда ҳал кард, — афзуд А. Бобоев.
Баъди мурофиаи судӣ бо судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Камолзода ва кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия Оймаҳмад Холов ва Ҷӯрабек Гулов ба минтақаи истироҳатӣ рафтем ва мебоист дар он ҷо аз рӯи харита замини баҳсиро муайян мекарданд. Аммо корҳои анҷомдодаи Ҷӯрабек Гулов ба харита рост наомад. Ҳатто ӯ ба судя Р. Камолзода харитаи кашидашударо шарҳ дода натавонист, зеро он бо супориши Оймаҳмад Холов дар ҳуҷраи корӣ тайёр ва ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Дар харита бисёр мавзеъҳо, аз ҷумла дарёчаи Ғузғарф, ки заминҳои минтақаи истироҳатӣ — оммавии ба Мавлюда Норова тааллуқдошта дар соҳили он мебошад, ҷой дода нашудааст.
- Ба гуфти судя Р. Камолзода, гӯё барои замини қитъаи №3-юм, ки дар харитаи асосии ҳисоботи оморӣ зери тарҳи № 40 нишон дода шудааст, се маротиба санҷиши экспертӣ гузаронидаанд ва онро ба манфиати шахсони заминро худсарона ва ғайриқонунӣ ғасбкарда хулосабарорӣ кардаанд, — мегӯяд Абдуқодир Бобоев ва изофа мекунад: — Ман бо ҳамроҳии адвокатам дар чанд мурофиаи судӣ иштирок доштам. Дар ду маврид судя Р. Камолзода гуфт, ки санҷиши экспертии замини қитъаи № 3-юм ягон ҷавоби муайян надодааст, зеро аз ду тараф харитаи асосиро муайян накардаанд. Аз тарафи дигар, на ман ва на адвокатам дар вақти баргузории санҷиши экспертии замини номбурда иштирок накардаем ва хабар ҳам надорем. Намедонам онро кай ва дар ҳузури кӣ гузаронидаанд. Аммо дар рафти мурофиаҳои судӣ ва санҷиши корҳои замини баҳсӣ мутахассиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошпӯлод Умаров аз ман хоҳиш кард, ки бо ҳуҷҷатҳои аслии замини минтақаи истироҳатӣ — оммавӣ ба наздаш ҳозир шавам. Вақте ба кумита омадам, Тошпӯлод Умаров дар ҳуҷраи корӣ бо собиқ раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб (ҳоло раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав) маро қабул карданд ва гуфтанд, ки нусхаи дуюми аслии ҳуҷҷатҳои замини минтақаи истироҳатӣ – оммавиро аз бойгонии кумита пайдо карда натавонистанд. Гӯё нусхаи аслӣ гум шудааст, ҳол он ки нусхаи дуюми ҳуҷҷатҳо дар китоби бақайдгирии кумита аз қайд гузаштааст.
Раиси ноҳияи Варзоб Назирзода Савзаалиро бо мазмуни мактуб шинос карда, дар ҳузури ӯ бо раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Қиёмиддин Раҷабов ва мутахассиси ҳамин кумита Ҷӯрабек Гулов масъаларо баррасӣ намудем. Қиёмиддин Раҷабов ва Ҷӯрабек Гулов Абдуқодир Бобоевро гунаҳкор дониста, изҳор доштанд, ки заминҳои минтақаи истироҳатиро гӯё ӯ ба шахсони дар боло зикршуда фурӯхтааст. Суоле ба миён меояд, ки агар А. Бобоев ин заминҳоро фурӯхта бошад, қарори раиси ноҳия ва сертификати истифодаи заминро ба он се нафаре, ки дар боло ёдовар шудем, кӣ додааст?
Чизи дигаре, ки моро ба ҳайрат овард, он буд, ки масъулини Кумитаи идораи замини ноҳия К. Раҷабов, Ҷ. Гулов ва муҳандис — заминсози деҳоти «Варзоб-Қалъа» Анвар Раҳимов аз рӯ ба рӯ шудан бо муаллифи номаи шикоятӣ ва нигорандаи ин сатрҳо саркашӣ карданд. Ҳатто барои шиносоӣ бо замини баҳсӣ моро ҳамроҳӣ накарданд. Бори дуюм ба раиси ноҳия муроҷиат кардем ва ӯ амр кард, ки масъулини Кумитаи идораи замини ноҳия масъаларо якҷоя дида бароянд, вале ин дафъа низ масъулин супориши раиси ноҳияро иҷро накарданд. Маҷбур шудем, ки бо муаллифи номаи шикоятӣ ва муовини раиси деҳаи Ғузғарф Қобил Раҷабов ба мавзеи ҷойгиршавии минтақаи истироҳатӣ — оммавӣ рафта, бо ҳолати он аз наздик ошно гардем. Биноҳои сохташуда, деворҳои сангин, хатти барқи аз масофаи 1100 метр кашидашуда, роҳи мошингарди бунёдгардида ва замини таҳти №3-и баҳсиро, ки дар он сохтмони ғайриқонунии бино идома дошт, аз назар гузаронидем. Маълум гардид, ки аз замини минтақаи истироҳатӣ-оммавии ба Норова Мавлюда тааллуқдошта, масъулини Кумитаи идораи замини ноҳия 0,10 гектарро бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 4 июни соли 2010 таҳти №114 ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин бо дараҷаи А № 0345785 аз 31 июли соли 2012 таҳти № 2265 ба шаҳрванд Неъматулло Сатторов — истиқоматкунандаи деҳаи Лучоби деҳоти «Лучоб» -и ноҳияи Варзоб ҷудо кардаанд. Аз рӯи таснифи ҳудуд дар сертификати ба шаҳрванд Неъматулло Сатторов додашуда маълум мешавад, ки масъулини Кумитаи идораи замини ноҳия ба шаҳрванд Диловар Ҳабибов, ки муаллиф дар номааш ӯро корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, 0,10 гектар замини минтақаи истироҳатӣ – оммавии ба Холова Мавлюда мутааллиқро додаанд, вале дар кадом асос маълум нест.
Дар робита ба масъалаи мавриди баҳс боз ба судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Камолзода муроҷиат кардем. Ӯ моро бо парвандаи иқтисодии № 2-4/16 бо даъвои Ширкати комили «Абдуқодир ва компания»-и ноҳияи Варзоб шинос карда, гуфт, ки баъди санҷишҳои гузаронида, даъвои А. Бобоев оиди бекор кардани қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб таҳти № 31 аз 12 феврали соли 2010 «Дар бораи додани 0,37 гектар қитъаи замин ба шаҳрванд Саид Асроров барои сохтмони истироҳатгоҳи муташаккилонаи оммавӣ» ва таҳти № 402 аз 7 июни соли 2013 «Дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Меҳрубон Раҷабов» рад карда шудааст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки замини минтақаи истироҳатӣ — оммавии мутааллиқ ба Мавлюда Норова аз 4 қисм иборат будааст, ки қисми 1 ва 2 дар соҳили рост ва қисми 3 ва 4 дар соҳили чапи дарёчаи Ғузғарф воқеъ гардидааст. Ин заминҳо дар харитаи ҳисоботи омории соли 1998 ва соли 2013 зери тарҳи №40 нишон дода шудаанд. Дар ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, чунин омадааст:
«Ҷавобгар Раҷабов М. Т. соли 2013 бо аризаи хаттӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои ҷудо намудани қитъаи замин аз минтақаи дараи Ғузғарф муроҷиат намуд, ки аризаи ӯ барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замини ноҳия ирсол гардид. Аз ҷониби Кумитаи мазкур барои ҷудо кардани қитъаи замин гӯё аз як қисми тарҳи №67, воқеъ дар тарафи рости дарёи Ғузғарф, дар мавзеи «Оби Шӯра», интихоб шуда, ҳуҷҷатҳо ба ҳалномаи суд дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардидаанд, ки дар натиҷа раиси вақти ноҳияи Варзоб Акбар Ятимов бо қарори худ замини ҷудошударо ба шаҳрванд Меҳрубон Раҷабов вобаста кардааст».
Аммо нофаҳмост, ки барои чӣ дар рафти мурофиаҳои судӣ ва баровардани ҳалнома мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳоро бе мувофиқа бо соҳиби аслии он пешниҳод кардаанд?
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Камолзода зимни суҳбат гуфт, ки ҳалномаи суд дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб бароварда шудааст. Воқеан, дар харитаи ҳисоботи омории солҳои 1998 ва 2013-ум қитъаи замини тарҳи №67 на дар мавзеи «Оби Шӯра», балки дар мавзеи сарҳади заминҳои Обқул, қисми поёни мавзеи Чилликаки дараи Ғузғарф воқеъ мебошад ва баръакс, қитъаи замини тарҳи № 40 дар мавзеи «Оби Шӯра» ҷойгир аст ва он тибқи қарори раиси ноҳияи Варзоб таҳти № 88 аз 2 апрели соли 2002 ба А. Бобоев дода шуда, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи якумраи дараҷаи А № 009542 таъмин гардидааст. Чӣ боис гардид, ки раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб Қиёмиддин Раҷабов, мутахассиси ҳамин кумита Ҷӯрабек Гулов ва муҳандис — заминсози деҳоти «Варзоб-Қалъа» Анвар Раҳимов ҳуҷҷатҳоро қалбакӣ сохта, ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд? Агар онҳо мутахассиси соҳаи заминсозӣ бошанд, дар кадом асос қитъаи замини тарҳи №67-ро бо қитъаи замини тарҳи №40 иваз карда, харитаи қалбакӣ тартиб додаанд? Аз ин рӯ, дар ҳалномаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Камолзода омадааст: «Аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳқиқи қитъаи замин ва муқаррар намудани сарҳади ҷойгиршавии қитъаи замини ба М. Раҷабов ҷудогардида бармеояд, ин қитъаи замин, ки ба 0,37 гектар баробар аст, дар тарҳи №67-и ноҳияи Варзоб ҷойгир мебошад ва дурустии масоҳати зикргардида ҳангоми гузаронидани маҷлиси сайёри судӣ бо иштироки шахсони иштироккунандаи парванда дар мавзеи ҷойгиршавии қитъаи номбурда тасдиқ гардид. Санадҳо оид ба таҳқиқ ва интихоби қитъаи замин нишон медиҳанд, ки қитъаи замини баҳсие, ки ба М. Раҷабов ҷудо гардидааст, дар тарҳи № 67-и ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, қитъаҳои замини ба собиқ хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб» (ҳоло Ширкати комили «Абдуқодир ва компания») барои бунёди истироҳатгоҳ ҷудогардида дар тарҳи № 38 ва 40 ҷойгир мебошанд».
Маълум мешавад, ки масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рӯпӯш кардани хато харитаҳои асосии ҳисоботи омории солҳои 1998 ва 2013-ро, ки дар он ҷойгиршавии қитъаҳои тарҳи №67, 38 ва 40 дурусту дақиқ муайян карда шудааст, пинҳон кардаанд. Акнун маълум нест, ки қитъаи замини № 3-и дар сертификати Ширкати комили «Абдуқодир ва компания» муайяншуда дар куҷост? Ва низ маълум нест, ки чаро ин «мутахассисони варзида»-и соҳаи заминсозӣ ба ҳисоботи омории харитасозии солҳои 1998-ум ва 2013-ум рӯ наовардаанд? Чаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуҳои нозуки баҳси заминро носанҷида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк»-ро сарфи назар карда, ҳуҷҷатҳои мувофиқанашударо ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар натиҷа, судя вобаста ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ҳалнома баровардааст.
Дар банди 1-и моддаи 11-и қонуни зикршуда омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ молу мулки худро қонунӣ гардонидаанд ва шахсоне, ки молу мулк ба номи онҳо ба расмият дароварда шудааст, авф карда шуда, аз ҷавобгарии пешбинишудаи моддаҳои 259, 260, 261, 262, 263, 269, 292 ва 293-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. Моддаи 12-и қонун низ мегӯяд, ки давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки молу мулки худро тибқи қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, кафолат медиҳад.
Абдуқодир Бобоев, инчунин изҳор дошт, ки то имрӯз ба мақомоти дахлдор мактуб навишта, оид ба мушкилоти ҷойдошта маълумот додааст, вале то ҳанӯз касе ба додаш нарасидааст. Аммо ӯ умед дорад, ки қазия ҳалли қонунии худро меёбаду ҳақ ба ҳақдор мерасад.
Мо низ бовар дорем, ки ин масъаларо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдори давлатӣ дар доираи қонун ҳаллу фасл менамоянд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»