Дар шаҳраки «25 — солагии Истиқлолият»- и шаҳри Роғун кӯдакистони рақами 6 ҷойгир аст, ки даврони шӯравӣ дорои шароити зарурӣ буд ва 60 нафар тарбия мегирифтанд.
Он ҳамон давра бунёд шуда бошад ҳам, то кунун рӯи таъмиру навсозиро надидааст. Собиқ мудири кӯдакистон Мавҷуда Муслимова, бо мадади мураббияҳо ва коргарони кӯдакистон қисме аз бинои валангоршударо таъмиру навсозӣ карда буд.
Чанде пеш ба кӯдакистон омадаму бинои валангорро дидан замон табъам хира шуд. Дар саҳни кӯдакистон говҳо мечариданд. Ягон кӯдакро мушоҳида накардам. Дар қабати дуюми бино ғарам — ғарам партов ва дару тирезаҳои шикастаро аксбардорӣ кардам.
Дар шафати бинои валангоршуда толори хурди варзиш бунёд карда буданд, ки ҳолати он низ ҳузновар аст.
Дар бораи таъмиру навсозии кӯдакистон соли 2019 ба мудири шуъбаи маориф ва муовини раиси шаҳр Фирӯза Файзова ҳамсуҳбат шудам. Ваъда дода буданд, ки таъмиру навсозии кӯдакистон аввали соли 2020 оғоз мегардад. Аммо сол ҳам ба поён расиду ваъдаҳо дар «нӯли зоғ» монданд.
Ҳокими САФАР,
шаҳри Роғун