- Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бунёди 75 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То ба ҳол 70 фоизи сохтмон ба иҷро расида, дар иншооти боқимонда кор бомаром идома дорад, — гуфт мудири бахши меъмории ноҳия Зоиршо Шамсиддинов.
Яке аз иншооти самти иҷтимоӣ бинои сеошёнаи кӯдакистон дар маркази ноҳия барои зиёда аз 200 нафар кӯдак ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ мебошад. Сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.
Ҳоло дар бунёди он 30 нафар ҷавони соҳибкасби ванҷӣ бо сарварии муҳандис Муъминшо Шарбатов заҳмат мекашанд. То ҳол ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ кор ба ҷо оварда шудааст. Паймонкори сохтмон Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Истиқлол» мебошад, ки роҳбарии онро Фирдавс Искандаров ба уҳда дорад.
Бо бунёди иншооти зикршуда мушкилоти нарасидани ҷой дар кӯдакистонҳо дар ноҳияи Ванҷ аз байн меравад.
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»