Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ва шаҳри Қурғонтеппа тасмим гирифта буданд, ки кӯли махсуси оббозии ноҳияи Бохтарро, ки дар даврони Шӯравӣ обод буд, аз нав барқарор намоянд.
Дар маросими ба истифода додани кӯл (12 июни соли равон), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баромад намуда, ҷавонону наврасонро ба ин муносибат табрик гуфт.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтар, ки дар ин амали хайр ҳиссаи арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуд.
Бояд гуфт, ки лар ин ҷо барои фароғату истироҳат ва оббозии ҷавонону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Гурӯҳи ҷавонону наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят оббозии ҷавонону наврасонро назорат менамояд.
Давлат Султонов, «Садои мардум»