Кӯлоб: 3 муассисаи нави замонавӣ сохта мешавад

№47 (4787) 15.04.2024

20211026_101402Соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармояи хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо шароити наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре мудири шуъбаи маорифи шаҳр Нурулло Салимзода иттилоъ дод, муассисаи таълимии типи нав барои 624 хонанда иборат аз 26 синфхонаи таълимӣ дар деҳаи Обшорон бо сармояи хориҷӣ ва муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи Абдушукурова барои 1200 хонанда иборат аз 42 синфхонаи таълимӣ бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сохта мешаванд.

Инчунин, соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №53 барои 240 ҷойи нишаст ва дар маҷмӯъ, 40 синфхона барои 720 хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шудааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»