Кӯлоб. 72 хатмкунандаи донишгоҳ ба сафи артиш пайвастанд

№ 12.05.2023

КУЛОБ (3)Чанде пеш маросими гусели 72 хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, рӯзноманигорон, донишҷӯёну устодони донишгоҳ, волидайни хатмкунандагон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи пуриқтидор табдил ёфта, барои сарбозону афсарон шароити лозима муҳайё гардидааст. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола сафи ихтиёриён аз ҷониби хатмкунандагони донишгоҳҳои олии кишвар зиёд гардида истодааст.

Дар идомаи чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуданд. Ба ҷавонон даъват талқин шуд, ки баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша содиқ бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ волидайни даъватшавандагон ба сухан баромада, аз сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдату ягонагӣ шукургузорӣ намуданд. Аз он қаноатмандӣ шуд, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбӣ баҳри хизмати афсарону сарбозон тамоми шароитҳои лозима фароҳам аст.

Дар охир, хатмкунандагони донишгоҳ бо анъанаи «Кулчагазон» ва дуои пирони рӯзгордида ба хизмати Ватан раҳсипор гардиданд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»