Кӯлоб. 91 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор шуд

№23 (4443) 19.02.2022

Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб соли 2021 ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта корҳои муайянро анҷом доданд.

Бино ба иттилои сардори раёсат Ҷурахон Сайдализода, дар 665 нуқтаи савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ санҷиш гузаронида, барои риоя накардани қоидаҳои савдо нисбат ба 609 соҳибкор дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, 85 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима гардиданд.

Инчунин, соли сипаришуда аз тарафи кормандони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо дархости соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти 325 корхонаҳои истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, аз тарафи мутахассисони раёсат дар ҳафт ҳолат 91 тонна намаки ғайристандартӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Шуҳрат ЛТД» 4 тонна, ҶДММ «Сунатуллоҳ» — 10, ҶДММ «Диловар Н» — 15, ҶДММ «Зоир — А » 15 тонна, инчунин, аз соҳибкорони инфиродӣ Ҷ. Икромов 10 тонна, А. Шамсиддинов — 12 ва ҶСК «Хоҷа Муъмин» — и ноҳияи Восеъ 25 тонна ошкор шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»