Қабл аз ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо мақсади илман собит кардани қадимӣ будани шаҳр, бостоншиносон дар маҳаллаи Чармгарони Поён, воқеъ дар маркази шаҳр, ки яке аз маҳаллаҳои қадимӣ маҳсуб мешавад, корҳои археологӣ гузаронда, «Қалъаи Кӯлоб»-ро кашф намуданд.
Дар Энсиклопедияи Кӯлоб роҷеъ ба ин қалъа омадааст: «…Қалъаи Кӯлоб дар гузари Чармгарони Поён воқеъ буда, дар нимаи дуюми асри XIX сохта шудааст. Дар ин гузар боқимондаи қалъаи ҳокими Кӯлоб — Сарабек вуҷуд дорад, ки солҳои 60 – уми асри XIX сохта шуда буд. Баландии он 10 метр аст. Солҳои 80 – уми асри гузашта сокинон дар болои қалъа манзил сохтанд. Харобаҳои қалъа 4 га – ро ишғол мекунад. Арки болои қалъа ба таври чоркунҷа сохта шудааст. Дар дохили ҳавлиҳо тарафи ҷанубу ғарб ва шимолу ғарби қалъа 12 чашма мавҷуд аст, ки феълан сокинон бештари онҳоро бетонпӯш карда, хона сохтаанд. Дар пушти қалъа бошад, чашмаи калони моҳидор ҷорист, ки хосияти табобатӣ дорад. Дар шарқи он боғи куҳнаи Сарабек мавҷуд буд, ки баъдан ба боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб табдил ёфт ва ибтидои солҳои 60 – уми асри XX «Боғи пионерон» номгузорӣ карда шуд».
Дар китоби «Шаҳри Кӯлоб дар асри XIX» дар хусуси ин макони қадимӣ, чунин маълумотро дарёфт кардем: « …Ҳамин тавр, дар соли 992/1584 шаҳру қалъаи Кӯлоб вайрон карда шуд, вале бо ин ҳаёт дар Кӯлоб на ин ки қатъ нагардид, балки баъд аз муддати кӯтоҳе ривоҷи тамом ёфт. Абдуллохон Кӯлобро ба яке аз писарамакҳои худ — Ӯзбаксултон дод. Баъд аз хароб кардани қалъа шаҳру қалъаи Кӯлобро дар ғарби шаҳр, дар охирҳои мавзеи имрӯзаи «Боғи пионерон»-у маҳаллаи Чармгарони Поён, ки дар он замон, шояд бо номи Ҳалвоӣ машҳур буд, сохтанд. Дар он қалъаи устуворе бино кардаанд, ки баландиаш 10 метр буд».
Мутаассифона, баъди ҷашни 2700-солагии шаҳр, масъулон қалъаро ба ҷойи ҳифз кардан ба ҳоли худ гузоштанд ва истиқоматкунандагони ҳудуди онро ба партовгоҳ табдил доданд. Солҳои 2013-2014 дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ шурӯъ гардид. Сад афсӯс, ки мутасаддиён ба ҷойи обод ва ҳифз кардан, аз пайи комилан нобуд намудани ин осори таърихӣ шуданд. Собиқ раиси шаҳр бо қарори худ онро ба якчанд соҳибкор барои сохтани корхонаи саноатӣ ва нуқтаи шустушӯйи нақлиётӣ дод. Баробари оғози сохтмон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» зери сарлавҳаи «Кӯлоб. Қалъа бенишон мемонад?» ( 24-уми декабри соли 2015, №256, муаллиф – Ёқуби Содиқ) мақолае нашр гардида буд. Баъди интишори он, қарори собиқ раиси шаҳр аз ҷониби раиси он замон навтаъин Хайрулло Амонулло, беэътибор дониста шуд. Тибқи қарори нав мебоист соҳибкорон замини қалъаро ба ҳолати аввала бармегардонданд, вале то ҳол пойдеворҳои сохташуда, бетағйир мондаанд.
Табиист, ки то ба раиси шаҳр расидани парванда дар хусуси додани замин ниҳодҳои дахлдор хулосаю розигии хешро хаттӣ изҳор менамоянд. Тибқи моддаи 29 банди б-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи зарурат додани замини таъиноти таърихию фарҳангидошта барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мумкин аст. Аммо раиси собиқи Идораи замин муқаррароти мазкурро риоя накарда, ба номи раиси шаҳр барои додани ин замин пешниҳод манзур намуд. Суоли матраҳ он аст, ки раиси Идораи заминро чӣ ва ё кӣ маҷбур кардааст, ки мавзеи аҳамияти таърихидоштаи як шаҳри бостониро ба гумномӣ барад?
Агар тоҷирон пойдеворҳои бунёдкардаашонро вайрон кунанд, зарари моддӣ мебинанд, зеро ҳеҷ кас маблағи дар сохтмон сарфкардаи онҳоро ҷуброн намекунад. Барои ин ягон нафар аз масъулони «заминдеҳ» муҷозот ҳам нагирифт. Баръакс, ҳоло ҳам дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият доранд.
Ҳарчанд кӯшиш кардем бо раиси вақти Идораи замин Рустам Бобохонов, ки феълан ба ҳайси сармеъмори шаҳр фаъолият дорад, ҳамсуҳбат шавем, аммо ӯро дар утоқи кориаш пайдо карда натавонистем. Ҳоло донистан мехоҳем, ки то ба кай ин мушкил боқӣ мемонад…
Ёқуби СОДИҚ, Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»