Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб дар ёздаҳ моҳи соли 2020 бо сабаби хурӯҷи бемории коронавирус санҷишҳои нақшавиро кам намуда, танҳо дар баъзе аз муассисаву ташкилот санҷиши мониторингӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои сардори марказ Даврон Ахмедов, дар рафти санҷиш баъзе аз камбудиҳо дар фаъолияти муассисаву ташкилотҳо ошкор гардида, нисбат ба 728 нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 139 ҳазору 838 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Ҳамчунин, фаъолияти 82 иншоот то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта манъ ва 22 парвандаи дигар ба суд ирсол гардид.
Инчунин, кормандони марказ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2012 таҳти №890 «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозор ва нуқтаҳои савдои дар минтақа фаъолияткунанда ҷамъ, 3 тоннаю 657 килограмм маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташон гузашта ва 22 навъи бозичаи кӯдаконаро муайян карда, аз муомилот боздоштанд, ки маблағи умумии онҳо 21 ҳазору 442 сомониро ташкил медиҳад.
- Кормандони марказ агар маҳсулоти пастсифат ё муҳлаташон гузаштаро сари вақт дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ошкор намекарданд, ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани шумораи зиёди шаҳрвандон аз эҳтимол дур набуд, — гуфт Даврон Ахмедов.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо як ҳодисаи заҳролудшавӣ дар ноҳияи Данғара ба қайд гирифта шудааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»