Кӯлоб. Беш аз 580 ҳазор киловатт — соат неруи барқ сарфа гардид

№6 (4268) 16.01.2021

 Дар асоси Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Амри раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 12 гурӯҳи корӣ, аз ҷумла, 8 гурӯҳ аз ҳисоби кормандони ШВКД-и шаҳр ва 4 гурӯҳ аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои сардори шуъбаи банақшагирии иқтисодии Шабакаҳои барқи Кӯлоб Баҳриддин Маҳмудов, гурӯҳи корӣ якҷо бо кормандони прокуратура, амният, суд, милитсия ва Шабакаҳои барқи Кӯлоб миёни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҷамоатҳои деҳот, бо мақсади сари вақт пардохт намудани маблағи истифодашудаи неруи барқ ва самаранок истифода бурдани он, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа, дар 4 рӯзи охир дар шаҳри Кӯлоб беш аз 580 ҳазор киловатт — соат неруи барқ сарфа гардидааст.

Номбурда, ҳамчунин, изҳор дошт, ки соли 2020 аз ҳисоби муштариён 27 миллиону 758 ҳазору 400 сомонӣ маблағи истифодаи барқ пардохт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 7 миллиону 496 ҳазору 100 сомонӣ зиёд мебошад.

- Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб шумораи муштариён 38 ҳазору 431 нафарро ташкил дода, қисме аз онҳо ба ҳисобкунакҳои муосири кортӣ гузаштанд ва метавонанд, маблағи барқро пешпардохт намуда, аз он самаранок истифода баранд, — гуфт Б. Маҳмудов.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»