Ба муносибати 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб бинои нави муассисаи таълимии №48 барои 320 хонанда дар як баст сохта шудааст ва дорои 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, майдончаҳои варзишӣ ва толори хонишу маҷлисгоҳ мебошад.
Тавре сардори филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Аскар Бобоев изҳор дошт, мактаби мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, фармоишгари он филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва пудратчии сохтмон ҶДММ «Уҳда» мебошад.
Номбурда ҳангоми суҳбат аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин муассисаи таълимии наву замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, афзуд, ки муассисаи таълимӣ аз ду бино иборат буда, он барои 640 хонанда пешбинӣ гардида, навбати якуми бинои таълимӣ барои 320 хонанда сохта шудааст. Синфхонаҳои он бо тамоми шароитҳои замонавӣ аз ҷумла лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар деҳаи Сангпар беш аз 760 хоҷагӣ зиндагӣ менамоянд. Солҳои зиёд буд, ки фарзандони сокинони ин деҳа дар орзуи муассисаи нави таълимӣ буданд. Онҳо аз набуди мактаб 2 км роҳро тай карда, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- и деҳаи Корези боло барои таҳсил мерафтанд. Хушбахтона, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуи чандинсолаи онҳо амалӣ мегардад ва рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»